Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони водии Рашт

07.06.2021 12:55, ноҳияи Нуробод

Ҳозирини гиромӣ!

Мо тасмим гирифтем, ки баъди оғози корҳои бунёди яке аз роҳҳои барои кишварамон, аз ҷумла барои ноҳияҳои водии Рашт бисёр муҳим – роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод бо шумо – роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор доир ба вазъи корҳо дар ин ноҳияҳо мулоқот доир намоем.

Боиси хушнудист, ки сокинони заҳматқарини ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод дар соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида истодаанд.

Бовар дорам, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи мардум дар ояндаи наздиктарин ноҳияҳо ва деҳоти онҳо хеле ободу зебо ва шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам беҳтар мегардад.

Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, яъне ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 1100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 240 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 760 иншоот ба анҷом расидаанд.

Ин нишондиҳанда 69 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронист.

Бо дарназардошти он, ки то ҷашн муҳлат тамоман кам мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа, инчунин, соҳибкорон ва аҳолӣ бояд ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи тасдиқшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳияҳои водии Рашт тамоми имкониятҳоро сафарбар карда, ин равандро то имрӯз идома дода истодааст. Дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳо симои ноҳияҳои водӣ ҳоло ба куллӣ дигаргун шудааст.

Масалан, маркази ноҳияи Нуробод, ки бунёди он дар ҷойи тамоман холӣ оғоз гардида буд, имрӯз ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Умуман, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа беш аз 5,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард сомонӣ, Рашт 1,4 миллиард сомонӣ, Сангвор 914 миллион сомонӣ, Лахш 624 миллион сомонӣ ва Тоҷикобод 528 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра дар ноҳияҳои минтақаи мазкур беш аз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор 6 лоиҳа ба маблағи 2 миллион сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод – 11 лоиҳа ба маблағи 35 миллион сомонӣ, ноҳияи Лахш – 22 лоиҳа ба маблағи 67 миллион сомонӣ, ноҳияи Нуробод – 12 лоиҳа ба маблағи 339 миллион сомонӣ ва ноҳияи Рашт 19 лоиҳа ба маблағи 57 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.

Ҳоло дар ҳудуди ин ноҳияҳо татбиқи боз 21 лоиҳаи дигар идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз 184 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳияҳои водии Рашт ва ҳалли масъалаву мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои мазкур садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ шудааст. Вале бояд гуфт, ки иҷрои ин барномаҳо бо сабабҳои гуногун, дар маҷмӯъ, дар ҳаҷми камтар аз 50 фоиз таъмин гардидааст.

Барномаи ноҳияи Нуробод 65 лоиҳа ба маблағи умумии 95 миллион сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 53 лоиҳа ба маблағи 27 миллион сомонӣ, ноҳияи Лахш 84 лоиҳа ба маблағи 18 миллион сомонӣ, Рашт 39 лоиҳа ба маблаги 57 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст. Ноҳияи Сангвор то соли 2020 умуман чунин барнома таҳия ва татбиқ накардааст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Раштро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатнок ва саривақтии барномаҳо ва лоиҳаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.

Дар чор моҳи соли 2021 дар ноҳияҳои водии Рашт, ба истиснои ноҳияи Лахш (93,7 фоиз) нақшаи даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ иҷро шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳияҳои водии Рашт беш аз 20 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион сомонӣ ё 26 фоиз зиёд мебошад. Қариб ҳамаи қарзҳои додашуда (99,9 фоиз) ҳамчун қарзҳои хурд пешниҳод шудаанд.

Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои зикршуда бо дарназардошти имконоти ноҳияҳои водӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ қонеъкунанда нест.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти ноҳияҳои минтақаи Рашт, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо вуҷуди мавҷудияти захираву имкониятҳои зиёд, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти гуногун рушди соҳаи саноат дар ноҳияҳои минтақа қонеъкунанда нест.

Дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмӯъ ҳамагӣ 24 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт 14 корхона, ноҳияи Нуробод 4, ноҳияи Сангвор 4, ноҳияи Тоҷикобод 1 корхона ва Лахш 1 корхона фаъолият дошта, дар ин ноҳияҳо дар соли 2020 ҳамагӣ 4 корхонаи нави саноатӣ - дар ноҳияи Рашт 2 ва ноҳияи Сангвор 2 корхона бунёд гардидааст, вале дар чор моҳи аввали соли 2021 ягон корхонаи нави саноатӣ таъсис дода нашудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Лахш 30 фоиз ва ноҳияи Рашт беш аз 3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ яке аз роҳҳои асосии бо маводи ғизоӣ ва ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мардум мебошад.

Гарчанде минтақаи Рашт дорои имкониятҳои фарохи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, вале дар ноҳияҳои он ҳамагӣ 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият менамояд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар ноҳияҳои водӣ коркарди саноатии меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ умуман ба қайд гирифта нашудааст.

Инчунин, вазъи истеҳсоли либоси мактабӣ дар ноҳияҳои минтақа ғайриқаноатбахш буда, соли 2020 дар ноҳияҳои Нуробод ва Лахш истеҳсоли ин намуди маҳсулот ба роҳ монда нашуда, дар ноҳияи Рашт ҳамагӣ 20 ҳазор ҷуфт, ки ҳамагӣ 13 фоизи талаботро ба ин намуди маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин мекунад, ноҳияи Сангвор 2,7 фоиз ва ноҳияи Тоҷикобод 1,1 фоиз истеҳсол гардидааст.

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин ноҳияҳо либоси мактабӣ умуман истеҳсол нашудааст.

Чунин вазъият дар ҳолест, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои водии Рашт беш аз 75 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва ин шумора танҳо дар соли хониши 2020-2021 зиёда аз 2 ҳазор нафар афзудааст.

Ҳол он ки мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон кардаем ва тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф равона карда истодаем.

Бинобар ин, роҳбарону масъулини ноҳияҳои минтақаро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дар асоси технологияҳои муосир фаъол гардонидани иқтидорҳои мавҷуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас ва ҷиддӣ андешанд.

Инчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа зарур аст, ки фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкориро дар водии Рашт ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва иншооти инфрасохторӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Тибқи маълумот дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои водии Рашт нибат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, дар ноҳияи Сангвор ба маблағи 7,2 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 112 фоиз, ноҳияи Тоҷикобод – 16,5 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 101,4 фоиз, ноҳияи Лахш – 15,1 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 100,4 фоиз, ноҳияи Нуробод – 38 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 110 фоиз ва ноҳияи Рашт – 31,1 миллион сомонӣ бо суръати афзоиш 106,7 фоиз таъмин гардидааст.

Вале ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо имкониятҳои истифоданашудаи минтақа дар самти мазкур ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд. Зеро дар баъзе ноҳияҳои минтақа заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда то ба ҳол майдони назаррасро ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла соли 2020 дар ноҳияи Нуробод 348 гектар ва ноҳияи Рашт 47 гектар заминҳои корами обӣ бо сабабҳои гуногун аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Дар баробари ин, ба ҳолати 28 майи соли 2021 дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои кишти картошка таъмин нагардидааст, ки ташвишовар мебошад.

Аз ҷумла дар ноҳияи Нуробод 640 гектар ё 71 фоиз кам аз дурнамо, ноҳияи Лахш 600 гектар ё 19 фоиз кам, ноҳияи Рашт 216 гектар ё 15 фоиз кам, ноҳияи Тоҷикобод 180 гектар ё 19 фоиз кам ва ноҳияи Сангвор 166 гектар ё 23 фоиз кам аз дурнамо картошка кишт шудааст.

Дар ноҳияҳои водии Рашт дар самти зиёд намудани майдони дарахтони мевадиҳанда, дар гармхонаҳо ба роҳ мондани истеҳсоли сабзавот, рушди парандапарварӣ ва моҳипарварӣ ҳанӯз имкониятҳои васеи истифоданашуда мавҷуд мебошанд, ки ба кор андохтани онҳо вазифаи бевоситаи роҳбарият ва масъулини ноҳияҳо ба ҳисоб меравад.

Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои водӣ барои парвариши гулмоҳӣ ва истеҳсоли чунин навъи маҳсулоти парҳезӣ, инчунин, содироти он шароити беҳтарин доранд.

Танҳо дар ноҳияи Рашт як гармхона бо масоҳати 0,20 гектар мавҷуд буда, дар дигар ноҳияҳои минтақа гармхонаҳо ташкил карда нашудаанд. Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар заминҳои сангзор гармхонаҳо бунёд карда, барои мардум парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд.

Дар ноҳияҳои водӣ, ба истиснои як корхонаи навтаъсис дар ноҳияи Нуробод, ки дар арафаи ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ба фаъолият оғоз менамояд, корхонаҳои парандапарварӣ вуҷуд надоранд. Дар минтақаи мазкур ҳамагӣ се хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла ду хоҷагӣ дар ноҳияи Нуробод ва як хоҷагӣ дар ноҳияи Рашт фаъолият дораду халос. Хотиррасон месозам, ки дар ноҳияҳои водии Рашт барои хучпарварӣ низ шароит ва имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Илова бар ин, таъкид месозам, ки вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин дар ноҳияҳои минтақа ҳоло ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт 61 ҳолат, ноҳияи Лахш 27 ҳолат, Нуробод 21 ҳолат, Тоҷикобод 15 ҳолат ва ноҳияи Сангвор 12 ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замина ошкор гардидааст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки роҳбарону масъулини ноҳияҳо доир ба рафъи камбудиҳои зикршуда чораҳои қатъӣ андешида, ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиш додани истеҳсоли картошка, зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо дар соли 2021 дар ин ноҳияҳо сохтмони 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7000 хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати омода намудани кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ тибқи квотаи Президентӣ танҳо дар соли таҳсили 2021 – 2022 ба ноҳияҳои водии Рашт 118 ҷой ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла барои ноҳияи Тоҷикобод 26, ноҳияи Лахш 25, ноҳияи Рашт 23, ноҳияи Нуробод 22 ва ноҳияи Сангвор 22 ҷой ҷудо гардидааст, ки нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳо барои ноҳияҳои водии Рашт мебошад.

Бо вуҷуди корҳои дар соҳаи маориф амалигардида зарур аст, ки доир ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» як силсила камбудиву мушкилоти дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳо, аз ҷумла норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Инчунин, бояд гуфт, ки шумораи умумии кӯдакони синни то 6 – сола дар водии Рашт қариб 54000 нафар буда, танҳо 2800 нафари онҳо ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 5,2 фоизи шумораи умумии кӯдаконро ташкил медиҳад ва барои ислоҳи чунин вазъ бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамагӣ 2,9 фоиз, ноҳияи Нуробод 3,6 фоиз, ноҳияи Рашт 4,9 фоиз, ноҳияи Лахш 7,4 фоиз ва ноҳияи Сангвор 14,2 фоизро ташкил медиҳад.

Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи саломатии омма яке аз масъалаҳое мебошад, ки хусусан дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳияҳои водии Рашт пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Бо ин мақсад танҳо дар соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои водӣ ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ таҷҳизот ва маводи доруворӣ дастрас карда шудааст.

Илова бар ин, ба истиқболи 30 – солагии истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар ноҳияҳои минтақа ба маблағи 4,6 миллион сомонӣ 25 иншооти нави соҳа сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар 75 иншооти мавҷудаи соҳа корҳои таҷдиду азнавсозӣ ба анҷом расидаанд.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳияҳои мазкур норасоии муттахассисони баландихтисоси тиббӣ мушоҳида мегардад, ки ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала вазифаи роҳбарони ноҳияҳо ва Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Бо истифода аз ширкати роҳбарону фаъолони ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, зарур мешуморам, ки боз як масъалаи муҳимро таъкид намоям.

Тибқи маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ то ба ҳол ҳолатҳои шомилшавии баъзе сокинони ноҳияҳои водии Рашт ба ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, корҳои таблиғотӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон барои содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Илова бар ин, то ҳанӯз дар ноҳияҳои водӣ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, яъне ба мактабҳои хусусии динӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон идома дорад. Соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 70 ҳолати ғайриқонунӣ таълим додани зиёда аз 280 нафар кӯдакону наврасон ошкор карда шудааст. Бар замми ин, ҳолатҳои қасдан монеи таҳсили кӯдакон шудани падару модарон дар мактабҳо ҷой доранд.

Оқибати чунин амалҳоро ҳар як шахси солимфикр метавонад ба осонӣ дарк намояд.

Болотар ман зикр кардам, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, хусусан, солҳое, ки вазъи молиявии кишвар бисёр вазнин буд, Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои водӣ қариб 300 мактаб ва биноҳои иловагӣ дар назди мактабҳоро бунёд карда, ҳамаи онҳоро бо таҷҳизот ва шароити беҳтарин таъмин намуд ва ба хизмати мардум гузошт.

Ҳадафи мо аз муҳайё кардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасону ҷавонон босавод кардани фарзандони мардум, яъне наслҳои ояндасоз ва тарбия кардани кадрҳои арзандаву баландихтисос барои ояндаи Ватан ва давлат мебошад.

Бинобар ин, такроран таъкид месозам, ки ба роҳи рост ҳидоят кардани наврасону ҷавонон, пешгирӣ кардани нуфузи ҳар гуна равияҳои хатарнок, ба мардум фаҳмонидани оқибати рафтору кирдори ғайриқонунӣ, аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва саъю талош барои таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки шумо – роҳбарону фаъолон мебошад.

Ҳамдиёрони азиз!

Ман андешаҳои худро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва мушкилоте, ки ҷомеаи башарӣ бо онҳо дучор омадааст, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ қариб дар тамоми суханрониву вохӯриҳоям дар як соли охир изҳор доштам.

Бори дигар таъкид месозам, ки соли ҷорӣ аз ҳама лиҳоз яке аз солҳои вазнинтарин омада истодааст.

Дар чунин шароит мо вазифадорем, ки аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.

Яъне кишоварзон ва умуман ҳамаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, бояд ба хотири ҳарчи беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саъю талош намоянд. Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои водии Рашт, хусусан, барои парвариши картошка имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи бой доранд.

Умуман, бояд гуфт, ки дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ картошка нони дуюм ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳони имрӯза мо ин намуди маҳсулотро ҳарчи бештар истеҳсол ва захира кунем.

Дар ин раванд, ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон бошад.

Инчунин, аз ҳоло вусъат додани омодагии ҳамаҷониба барои таъмин намудани фаъолияти мунтазам ва самарабахши ҳамаи соҳаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода яке аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону мутахассисон ва фаъолон мебошад.

Дар ин самт корро тавре бояд ташкил кард, ки дар заминаи истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин захираи маводи асосии ғизоӣ ва хӯроки чорво, инчунин, ҳаҷми зарурии сӯзишворӣ таъмин гардида, иншооти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, шабакаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, иншооти энергетикӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба зимистон пурра омода бошанд.

Ҳамчунин, роҳбарону масъулон ва фаъолон мардумро ба корҳои ободониву ҳар як хонаву кошона, маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳот, инчунин, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят ва сафарбар намоянд.

Хотиррасон месозам, ки барои истиқболи сазовори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон бояд ҳар як сокини кишвар саҳми худро гузорад. Зеро сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистон ҷашни ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва ҳар як шахси ватандӯсту ватандор мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯст ва созандаву бунёдкори ноҳияҳои водии Рашт барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ, сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Дар ниҳояти сухан бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти барои кишварамон муҳим, яъне роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод табрик гуфта, ба ҳамаатон рӯзгори хушу босаодат орзу менамоям.

Доим тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520