Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

11.06.2021 13:18, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   11.06.2021

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, бо таҷрибаи хоҷагидорон аз наздик шинос шуданд.

Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи пурраи маданияти истифодабарии замин дар майдони 402 гектар парвариши зардолу, 24 гектар шафтолу, 33 гектар себ, 6 гектар гелос, 12 гектар олу, 16 гектар ток ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ мондаанд.

Кормандони муассиса дар парвариш ва нигоҳубини боғу токзор дорои таҷрибаи ғании корӣ буда, бо истифода аз шароити мусоид ҳамасола ба миқдори зарурӣ дар сардхона маҳсулот низ захира мекунанд.

Дар «Боғи миллии Ваҳдат» сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот мавҷуд буда, 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 каси дигар мавсимӣ ба кор ҷалб мегардад.

Бунёди боғҳои интенсивӣ барои хоҷагидорони муассиса имкон додааст, ки сол то сол истеҳсоли меваҳои хуштаъму лазизи ватаниро бештар намоянд.

Аҳли захмат ҳамасола ба миқдори зиёд меваҳои хуштамъ ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мекунанд.

Дар боғи гелоси муассиса асосан навъи маҳаллии барвақтӣ, бурлат ва кордия парвариш мегардад, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот низ хеле мувофиқ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта боғдорон 7 тонна гелос истеҳсол кардаанд.

Ҳамчунин дар ин давра хоҷагидорон зиёда аз 585 тонна зардолу, 120 тонна себ, зиёда аз 15 тонна олу, наздики 5 тонна бодом ва дар маҷмӯъ 780 тонна мева истеҳсол намуда, ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҷрибаи боғпарваронро дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» шоиста ҳисобида, дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, ки норасоии маводи озуқа дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ба манфиат шумориданд.

Пешниҳод карда шуд, ки оянда барои ривоҷу равнақи соҳаи боғдорӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими таъмини талаботи дохилии кишварҳо бо истеҳсолоти худӣ мебошад, семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки доираи васеи хоҷагидорони ду давлат дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» васеъ ба роҳ монда шавад.

Хоҷагидорони мамлакат тайи солҳои охир ҳамкориро бо боғдорони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон густариш бахшида, аз ҳамдигар таҷриба мегиранд.

Сарони давлаҳо бо такя ба ин муносибот зикр доштанд, ки омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба таври густурда амалӣ карда шавад.

Президентҳои ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев пас аз шиносоӣ бо таҷриба ва фаъолияти хоҷагидорони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва қаннодии аҳли заҳмати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилоят беҳтарин навъи маҳсулот, аз ҷумла анвои гуногуни мева, сабзавот, полезӣ ва ғалладонагиро ба меҳмонони олиқадр муаррифӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба ҳолати 1 июни соли равон ба зиёда аз 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 108 дарсад баробар аст.

Ҳамзамон хоҷагидорони вилояти Суғд соли равон дар ҳаҷми 31 миллиону 375 ҳазор доллар маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик содир кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 880 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Роҳбарони ду кишвари дӯст аснои боздид аз гӯшаи намоиши меваҳои шаҳдбори боғпарварони ботаҷрибаи вилояти Суғд ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулони сохторҳои марбута дастуру маслиҳатҳо доданд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи кишоварзӣ ва фаъолгардонии ҳарчи бештари корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулот аз тадбирҳои муҳими дастгирии хоҷагидорон ва таъмини бозорҳои дохиливу минтақа бо истеҳсолоти худӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ хоҷагидорони вилояти Суғд ҳамчунин анвои гуногуни гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дастовардҳо дар соҳаи занбӯриасалпарвариро ба таври васеъ муаррифӣ карданд.

Дар вилояти Суғд теъдоди оилаи занбӯри асал ба 63 ҳазору 540 баробар буда, соли гузашта занбӯрпарварон 14 ҳазору 60 тонна асал истеҳсол ва пешниҳоди сокинону меҳмонон намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аснои суҳбату шиносоӣ бо кори кишоварзони вилояти Суғд, барои густариши фаъолияти минбаъда ва роҳандозии ҳамкориҳои нав бо хоҷагиҳои кишоварзии ҳамдигар ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520