Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд

12.06.2021 08:50, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд  12.06.2021

12 июн сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол» -ро ба истифода доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 24 садяк замин қомат афрохта, барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Боғча аз ҷониби оилаи Асатуллоевҳо дар заминаи пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, бо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия таъмин карда шудааст.

Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат буда, дар ҷалби бештари кӯдакон ба тарбияи томактабӣ мусоидат мекунад.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2019 оғоз гардида, дар бунёди иншоот 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Кӯдакистон аз 2 бинои 3 ошёна иборат буда, дорои 9 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад.

Ҳамаи синфхонаҳои кӯдакистон дорои шароити мукаммал барои тарбияи наврасон буда, дар асоси талаботи имрӯза ҷиҳозонида шудааст.

Омӯзиш дар кӯдакистон бо забонҳои, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин даргоҳ беш аз 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, оянда бо роҳандозии омӯзиши забони чинӣ боз ҷойҳои нави корӣ фароҳам мегардад.

Бинои Муассисаи томактабӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин буда, роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона оро ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити тарбияи насли наврас дар кӯдакистон бо тарбиятгирандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим карданд.

Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис ёфтааст.

Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад.

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, даъват ба амал оварданд, ки барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо истифода аз шароити мавҷуда тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.

Дар саҳни боғчаи нав 9 айвонча бо талаботи муосири баргузории машғулиятҳо сохта шуда, ҳавзи оббозӣ барои кӯдакон ва гӯшаи табиати зинда ҷой дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбияи насли наврас дар кӯдакистони муосир ба таъсисдиҳандагон барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, амалисозии ин гуна иқдомҳои наҷибро омили муҳим дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520