Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

12.06.2021 09:00, шаҳри Хуҷанд
Ба истифода додани бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд   12.06.2021

12 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар гузашта бинои Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД дар вилояти Суғд вайрону валангор буд.

Бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд бунёд гардида, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуд.

Бинои нав аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 55 утоқи корӣ барои кормандони хадамот, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ ва хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникию муҳандисӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар китобхонаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» садҳо нусха китоби гуногун, аз ҷумла адабиёти бадеӣ ва илмию соҳавӣ мавҷуд мебошад. Мутобиқ ба талаботи замони муосир дар китобхона инчунин компютерҳо гузошта шудааст, ки фарогири ҳазорҳо нусха адабиёти электронӣ буда, кормандони хадамот ҳамарӯза фориғ аз кор ба мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ машғул мешаванд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконияту шароити мавҷуда маълум гардид, ки сохтмончиён бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мутобиқ ба талаботи замон ва бо назардошти меъёрҳои хизмати ҳарбӣ бунёд карда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз намудаанд.

Дар ин ҷо ҳамзамон таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёти хизматӣ, ду анбори сару либоси низомӣ, толори варзишӣ, хобгоҳ барои 15 нафар ва ошхона бо фарогирии 100 ҷойи нишаст сохта шуда, дар ҳар як ошёна утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла нуқтаҳои шӯстушӯӣ мавҷуд аст.

Маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд 140 ҷойи нишаст дорад ва дорои ҳама гуна воситаҳои техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва таҷҳизот барои гузаронидани видеоконфронсҳо мебошад, ки шароиту имконоти муҳайёгардида дар пешбурди кору фаъолияти кормандони ин сохтори низомӣ нақши басо созгор дорад.

Ҳамзамон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани муҳити атроф дар ҳавлии бинои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд беш аз 100 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст. Дар ин баробар аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии хадамоти мазкур таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Мақсудҷон Танбӯрии шаҳри Хуҷанд низ дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ амалӣ гардид, ки дар гузашта ҳолати ногувор дошт. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520