Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш

15.06.2021 09:08, ноҳияи Вахш
Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш  15.06.2021

15 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рӯзи 11 май ба вуқӯъомада, дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони ин фоҷеаи табиӣ, таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ин фалокат ҳамеша даст ба кор буда, пайваста аз ҳолу аҳволи оилаҳои зарардида огоҳ аст ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинон зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.   

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастур доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, ҷуйҳо, сарбандҳои рахнашуда ва дигар иншооти ифрасохторӣ тамоми қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида, корҳои сохтмонии боқимондаро ба итмом расонанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба як қатор сокинони деҳаи Иттифоқ, ки манзилҳои истиқоматиашон пурра омада гардидааст, калиди хонаҳоро тақдим намуданд.

Хонаҳои бунёдгардида, 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд.

Дар навбати худ сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш аз ғамхорӣ ва кӯмаку дастгириҳои хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, бо шукргузорӣ иброз доштанд, ки имрӯз дар чунин давлати орому соҳибихтиёр зиндагӣ мекунанд ва пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд.

Бо дарназардошти ин бошандагони деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” дар назди Сарвари давлат ваъда доданд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар ободӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.

Таъкид бояд кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт комиссияи махсуси давлатӣ фаъолият мебарад.

Баъди мулоқоти самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Вахш дидан карда, бо фаъолият ва дастовардҳои имрӯзаи кишоварзони ноҳия шинос шуданд.

Зимни боздид аз ин гӯша ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз зиёни ба боровардаи офати табиии рӯзи 11 май, заҳамткашони ноҳияи Вахш бо масъулияти баланд ва иродаи қавӣ нисбат ба замину заминдорӣ камари ҳиммат баста, дар майдони 16 ҳазору 740 гектар, аз ҷумла 930 гектар сабзавот, аз ҷумла 286 гектар картошка, 1000 гектар полезӣ ва 950 гектар пахта кишт намуданд. Аллакай дар қисме ҳосили якум бардошта шуда, дар майдони 1800 гектар кишти такрорӣ, аз ҷумла 100 гектар кишти такрории пахта гузаронида шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад.

Кишоварзони ноҳияи Вахш ҳамасола бо ба даст овардани ҳосили хуби маҳсулоти ватании кишоварзӣ дар таъмини бозори дохилӣ нақши арзанда доранд. Имсол хоҷагидорон аз гузашта дида, майдони кишти зироатҳоро васеъ намуда, меваю сабзавотро дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи ба даст овардаи заҳматкашони ноҳия ва дастгирии муроҷиати Президенти мамлакат доир ба истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани майдони зироатҳо ва барқарор намудани боғу токзор аз ҳисоби боғоти кӯҳна дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар навбати худ аҳли заҳмати ноҳияи Вахш ваъда доданд, ки ҳидоятҳои Президенти кишварро сармашқи кори худ карда, бо кӯшишу талош ва меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.  

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520