Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб

15.06.2021 18:09, шаҳри Кӯлоб
Боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб  15.06.2021

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сардорони ду оилаи зарардида Назаров Исмоил ва Азизова Малика калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ва тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст, тӯҳфа намуданд.

Биноҳои истиқоматӣ дар майдони 104 метри муррабаъ ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ: ошхона, ҳамом ва пешдолон иборат мебошад.

Сокинон аз кӯмакҳои пайваста ва ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оилаҳои зарардида дар кутоҳтарин муҳлат бо тамоми шароиту имкониятҳои зист таъмин мегарданд.

Корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва корҳои сохтмонии дигар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ харобгардида идома дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ба 1725 хоҷагии зарардида кӯмаки яквақтаинаи маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка ва дигар маводи рӯзғор расонида шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардидаашон ҳамчунин дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ ба монанди семент, арматура ва тахта дастрас карда шудаст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520