Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг

29.06.2021 21:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг  29.06.2021

29 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария, баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод.

Дар мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву цинки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ, баррасӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520