Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хисоботи телефонии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал

14.09.2009 16:00

Имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим телефонӣ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раисони вилоятҳо ба масоили захира намудани маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.

Ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд, аз ҷумла таъкид гардид, ки тамоми кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳайси фитри рӯза лампаҳои каммасраф харидорӣ намуда, ба оилаҳои камбизоат бидиҳанд. Дастур дода шуд, ки рафти гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф зери назорати доимӣ гирифта шавад, то ки дар тамоми қаламрави мамлакат мутобиқи фармони мазкур иҷрои ин супориш таъмин гардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳоро ҳамчунин вазифадор намуд, ки тӯли ҳафтаи равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон ташкил намоянд, то фаровонии дастурхони мардум дар рӯзи иди саиди Фитр таъмин шавад.

Ҳамчунин аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки кӯмакҳои хайрияи худро, пеш аз ҳама ба ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон тақдим намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳоро ҳамчунин оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва иҷрои буҷети маҳаллӣ шунида, ба онҳо баҳри ҷоннок намудани кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520