Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэ

27.07.2021 13:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэ  27.07.2021

27 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди мусбии рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳими муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя номиданд. Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятӣ ва дигар таҳдидҳо самти мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи амният мебошад.

Дар ин зимн, ҷонибҳо роҳҳои таҳкими робитаҳоро дар соҳаи амният баррасӣ намуда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии самарабахши ду кишвар дар ин ҷода дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамкории бисёрҷониба изҳори назар карданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Ба вазъи кунунии низомиву сиёсии Афғонистон ва дурнамои рушди он диққати махсус дода шуд. Дар ин замн, Сарвари давлати мо бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди хатарзои вазъ дар ин кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон андешаронӣ карда, вазири мудофиаи кишвари дӯсти Чинро дар бораи чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дар маҷмӯъ иқтидори мудофиавии он андешидашаванда дар ҷараён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки якбора бад шудани вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон боиси афзоиши шиддат мегардад ва ин ҳолат ба вазъи умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин робита ҳамкории зичу ҳамгироии хадамоти дахлдор ва сохторҳои махсуси ду кишвар зарур шумурда шуд. Инчунин аҳамияти мусоидати ҳамаҷониба дар самти пешрафти раванди гуфтушуниди байни афғон махсус таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520