Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи паррандапарварии “Мурғи Султон” дар ноҳияи Айнӣ

28.07.2021 08:24, ноҳияи Айнӣ
Ба истифода додани корхонаи паррандапарварии “Мурғи Султон” дар ноҳияи Айнӣ  28.07.2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хушекати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ корхонаи паррандарварии “Мурғи Султон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Айни замон дар корхона 16 ҳазору 250 сар мурғи олмонӣ парвариш карда мешавад. Мувофиқи дурнамо дар як моҳ истеҳсоли 480 ҳазор дона тухм ба нақша гирифта шудааст.

Дар корхона шуруъ аз назорати ҳарорати ҳаво то ҷамъоварии тухму таъмини хуроки парранда ба таври автоматӣ тавассути муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки аз Олмон дастрас карда шудааст, анҷом дода мешавад.

Технологияи муосири соҳавӣ ва фароҳам овардани шароити созгор имконият медиҳад, ки мурғҳо дар 120 рӯзагӣ ба тухмкунӣ оғоз намоянд.

Айни замон дар корхонаи паррандапарварӣ 16 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

Корхонаи паррандапарварии “Мурғи Султон” низ бо истифода аз имтиёзҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Шароф Султон сохта шудааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюм барои парвариши 50 ҳазор сар мурғ ва таъсиси 45 ҷои нави корӣ корхона бунёд карда мешавад.

Ҳамзамон бунёди даҳ ҳавзи моҳипарварӣ дар шафати корхона дар назар дошта шудааст, ки дар он моҳиҳои сазан, гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ парвариш меёбад.

Дар ин ҳавзҳо то 60 ҳазор моҳӣ парвариш карда шуда, барои 15 нафар ҷойи кор фароҳам оварда мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва дастгириву амалисозии имтиёзҳо ба рушди бахши хусусӣ замина гузошт.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуда, бо ин васила сокинони маҳаллӣ низ бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Мувофиқи дурнамо баъди татбиқи пурраи лоиҳа корхона имкон пайдо мекунад дар баробари ноҳияи Айнӣ ҳамзамон дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо маҳсулоти парҳезии худӣ таъмин созад.

Дар баробари дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ҳамзамон роҳу усулҳои муосири парвариш ба роҳ монда шудааст, ки ин имкон медиҳад маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаи навбунёд бо маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир гардад.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхонаи навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи паррандарварию моҳипарварӣ шароити лозимаро фароҳам овардааст, дар ин росто танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонад дар самти ба даст омадани муваффақиятҳои баланд замина гузорад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520