Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими гузоштани хишти аввали Маркази нави барқу гармии шаҳри Душанбе

08.09.2009 19:50, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки дар қисмати шимоли пойтахт аст, ташриф оварда, дар маросими оғози бунёди он иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, ба сохтмони ин иншоот оғози расмӣ бахшид.

Дар ҳамин ҷо шартномаи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

Зимни суханронӣ дар назди бунёдкорон ва мардуми ҷамъомада, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор намуд, ки маркази нави барқу гармидиҳӣ бо ангишт кор хоҳад кард ва бо қаноатмандӣ таъкид дошт, ки захираи фаровони ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад ин иншооти муҳими энергетикӣ солиёни зиёд ва бемонеа фаъолият намояд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷан Син суханронӣ намуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки марказ дар мӯҳлати ду сол, то ҷашни солгарди 20 - уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иқтидори 270 мегават нерӯи барқ ва барои 250 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Душанбе оби гарм ва гармӣ ба истифода супурда мешавад.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод 1 аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 2010 оғоз хоҳад меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 250-300 нафар бо кор таъмин мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки на камтар аз 70 дар сади бунёдкорон аз Тоҷикистон бошанд ва роҳбарияти ширкати ТВЕА-ро ҳамчунин вазифадор намуд, ки марказро бо навтарин технологияҳои истеҳсолӣ ва экологӣ муҷаҳҳаз намуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд, то он дар ҳолати зарурӣ бо газ ва мазут ҳам кор кунад.

Бо дархости ҷониби Тоҷикистон ширкати ТВЕА ҳамчунин барои иштирок дар таҷдиди корхонаи трансформаторбарории шаҳри Қурғонтеппа ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот бо технологияҳои муосир изҳори омодагӣ намуд. Ба гуфти Ҷан Син ширкати ТВЕА Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин нақша дорад, ки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро ба таври ройгон ба роҳ монад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520