Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Файзи саҳар”-и ноҳияи Спитамен

29.07.2021 10:44, ноҳияи Спитамен
Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Файзи саҳар”-и ноҳияи Спитамен  29.07.2021

29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо фаъолияти корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Файзи саҳар” шинос шуданд.

Дар хоҷагӣ асосан мурғи тухмдеҳ парвариш карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад.

Роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон саршумори парандаро ба 200 ҳазор сар расонанд.

Дар корхонаи парандапарварӣ дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол мегардад ва дар шаш моҳи соли равон истеҳсоли тухм ба 12 миллион дона расонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона дастур доданд, ки иқтидори мавҷуда самаранок истифода карда шавад. Дар ин сурат шаҳрвандон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маротиб афзун мегардад. Ин раванд дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гушти парҳезӣ мусоидат хоҳад кард.

Масоҳати умумии заминҳои корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 11 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигаҳдории хӯроки паранда ва омода намудани он, ҳамзамон дигар иншооти ёрирасон сохта шуда, дар боқимонда заминҳо маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад.

Айни замон дар корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дастгириҳои давлатӣ ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ давоми солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи “Файзи саҳар” таъсири мусбӣ расонидааст. Соли 2020 дар ҷамъияти мазкур тақрибан 17 миллион дона тухм истеҳсол гардида, ин нишондод дар соли 2021 ба беш аз 20 милион дона расонида мешавад.

Раванди фаъолият дар фабрикаи мазкур бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Аз сехи истеҳсолӣ ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр маҳсулоти истеҳсолӣ то ба анбори чиниши тухм интиқол меёбад.

Дар вилояти Суғд давоми солҳои охир шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба маротиб афзуда, тибқи маълумоти оморӣ айни замон 115 корхона фаъолият дорад, ки дар онҳо наздики 4 миллиону 400 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад.

Дар шаш моҳи соли 2021 истеҳсоли гушти мурғ ба 7 ҳазору 760 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ду баробар зиёд шудааст. Дар ин давра дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд 285 миллиону 745 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” дар баробари парандапарварӣ дорои корхонаи коркарди ғалла ва истеҳсоли орд мебошад.

Масъулини корхона маҳсулоти истеҳсоли худиро ба намоиш гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” баҳои муносиб дода, супориш доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷамъият дар корҳои ободонӣ саҳми бештар гузорад.

Мавриди зикр аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” дар обод намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен саҳм гузошта, дар умум то имрӯз 7 ҳазор метри мураббаъ роҳҳоро мумфарш кардааст. Корхона дар нақша дорад, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои корҳои ободониву созандагӣ маблағҳои зарурӣ равона намояд.

Дар даромадгоҳи корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” кишоварзони ноҳияи Спитамен маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Маҳсулоти нониву кишоварзӣ, ки натиҷаи заҳмати меҳнаткашони ноҳия мебошад, аз фаровонҳосиливу самараи талошҳо ва самаранок истифода намудани замин дар ин ноҳия дарак медод.

Кишоварзони ноҳияи Спитамен баҳри амалӣ шудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ садоқатмандона меҳнат намуда, дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 88 миллиону 81 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз растаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои хӯрокворӣ таваҷҷуҳи деҳқонону заминдорон ва фаъолони ноҳияи Спитаменро ба масъалаи самараноку оқилона истифода намудани замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва бо ин васила баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар умум рушди соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520