Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи кӯдакистони “Меҳросо” дар шаҳри Хуҷанд

30.07.2021 07:00, шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “Меҳросо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эҷод-2013” мебошад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар кӯдакистони хусусии “Меҳросо” кӯдакони ятиму бепарастор ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Сарпарастии ин кӯдакистонро муассисони ширкати “Таҷпроф” ба зимма гирифтаанд.

Масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон, 7 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулиятҳои мусиқӣ иборат мебошад.

Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино 7 айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бо тамоми шароит бунёд карда шудааст.

Дар умум ин муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкорон хуш истиқбол намуда, онро намунаи олии ватандорӣ ва рисолати хуби инсондӯстӣ донистанд.

Бунёди чунин иншооти нави соҳаи маорифро Сарвари давлат ба кӯдакони хуштолеъи маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд тӯҳфаи арзанда дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса равона шуда, бо бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Айни замон дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки аз ин 48-тои он ба шаҳри Хуҷанд рост меояд. Дар ҳамаи кӯдакистон наздики 45 ҳазор нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди кӯдакистон дар вилояти Суғд 8 адад зиёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистони навбунёд бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дӯстрӯякон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ масъулияти дучанд ҳис намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба масъалаи бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520