Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Ашхобод - пойтахти Туркманистон шуданд

03.08.2021 21:15, Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Ашхобод - пойтахти Туркманистон шуданд 03.08.2021

Шоми рӯзи 3 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашхобод шуданд.

Дар фурудгоҳи Ашхобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ 4 август миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегардад. Дар назар аст, ки аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520