Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатӣ дар Туркманистон

04.08.2021 11:10, Туркманистон
Оғози сафари давлатӣ дар Туркманистон   04.08.2021

Рӯзи 4 августи соли 2021 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”-шаҳри Ашқобод оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Туркманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза доштан ба афсарону сарбозони горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди Сарони ду давлат ба поён расид.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ ҳангоми ҳаракат аз майдони “Истиқлол” то Қасри “Оғузхон” автомашинаи меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қаровули фахрии аспсаворон ҳамроҳӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520