Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат

19.07.2012 21:30, шаҳри Ваҳдат

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо кори кишоварзону дигар истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Давоми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори хоҷагиҳои зиёди кишоварзӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Ваҳдат шинос шуда, бо роҳбарон ва мутахассисону фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати васеи корӣ баргузор намуд.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақт аз хоҷагии деҳқонии Мустафои деҳаи Камонгарони ҷамоати Баҳор оғоз ёфт.

Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Эмомалӣ Аюбов, ин хоҷагӣ 2 га замини обӣ ва 2 га лалмӣ дар ихтиёр дошта, дар он аҳли 4 оилаи бародарон кор ва ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд. Шуғли асосии онҳо сабзавоткорӣ буда, натанҳо оилаҳои худро пурра бо маводи ғизоӣ таъмин мекунанд, балки ба бозор низ маҳсулоти зиёд мебароранд.

Дар деҳаи Андигони ҷамоати деҳоти Бурунов заминҳои кишти пиёз ва пахтаи хоҷагии Аввалмурод Кенҷаев мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, ки ин хоҷагӣ дорои 1060 га замини корам ва 600 аъзо буда, коргаронаш аз 700 то 1200 сомонӣ маош мегиранд.

Дар паҳлӯи ин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо кори хоҷагии деҳқонии Пирмаҳмад шинос шуд. Аҳли ин хоҷагӣ, асосан бо сабзавоткорӣ машғул буда, аз ҳосили дони ҷуворимакка ва офтобпараст низ даромади зиёд ба даст меоранд. Тавре зикр гардид, онҳо аз ҳар га замини ҷуворимакка 71 сентнерӣ дон ҷамъоварӣ карданианд.

Рушди бахши парандапарварӣ пайваста таҳти назорати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, зимни ин боздид ӯ ба корхонаи парандапарварии Тарз, ки дар шаҳраки Наврӯзи ҷамоати Нуъмон Розиқов ҷойгир шудааст, ташриф оварда, бо кори он шиносоии бевосита пайдо намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, парвариши паранда дар ин ҷо бо истифода аз технологияи пешқадами туркӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин корхона ҳар рӯз 100 ҳазор дона тухм ба бозор бароварда мешавад. Масъулини ҷумҳуриявии соҳаи парандапарварӣ изҳор доштанд, ки корхонаҳои ин соҳа таъмини бозори дохилии кишварро то охири соли 2012 бо тухм ва то охири соли 2013 бо гӯшти паранда ба 100% мерасонанд.

Корхонаи парандапарварии Тарз, ҳамчунин дорои сехи омодасозии хӯроки омехта ва сехи коркарди ахлоти паранда ва истеҳсоли нурии органикӣ аз он мебошад.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Калони ҷамоати Симуганҷ ташриф оварда, бо ҳолати истифодаи заминҳои обии хоҷагии Файзи Ҳасан шинос шуд ва ба онҳо барои ривоҷ додани кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари замин маслиҳатҳои муфид дод.

Дар дараи хушманзараи Ромит Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба корхонаи парвариши гулмоҳӣ, ки дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015 таъсис ёфтааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳли заҳмати онро ба истифодаи технологияҳои муосир, афзоиши шумораи моҳӣ ва паст кардани нарху зиёд намудани ҳаҷми фурӯши маҳсулот ҳидоят кард.

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳо дар 6 моҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ, захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон зоҳир карда шуд.

Дастур дода шуд, ки «аз соли оянда дар заминҳои обӣ танҳо тухмиҳои хушсифати ғалла кишт карда шавад, то ки аз ҳар га на кам аз 50 сентнер ҳосил ба даст ояд». Таъкид гардид, ки «дар сурати кишти ғалла дар 200 ҳазор га замини обӣ ва ба ҳисоби миёна рӯёндани 50 сентнерӣ аз га 1 миллион тонна ғалладона ҷамъоварӣ мешавад, ки ин ба 90% талаботи бозори дохилӣ баробар аст ва ин бе назардошти ҳосил аз заминҳои лалмӣ».

«Васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёндани 2-3 ҳосил аз заминҳои обӣ омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар аст», - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба масъулини соҳа доир ба тезондани корҳо дар ин самт ва босамар истифода бурдани вақти барои ин кор боқимонда супоришҳои мушаххас дод.

Ба масъулини давлатӣ дастур дода шуд, ки ташаббусҳои ибратбахшу судманди соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба бунёди ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар дода шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз хисороти зиёди офатҳои табии имсола ва талаф ёфтани 12 кас ба масъулин барои вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва босамар истифода бурдани маблағҳо ва техникаю механизмҳои ҷудошуда дастуру ҳидоятҳо дод.
Аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бори дигар талаб карда шуд, ки қабули шаҳрвандонро дуруст ба роҳ монда, арзу шикояти онҳоро шунаванд ва ба додашон бирасанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз афзоиши ҷинояту қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба тақвият додани таълиму тарбияи насли наврас супоришҳои мушаххас дод ва ҳамчунин падару модаронро ба эҳсоси масъулияти баланд дар парвариши фарзандон ҳидоят намуд.

Нигаронӣ, ҳамчунин аз кам нашудани қонуншиканӣ дар тақсимоти замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ изҳор карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аҳли нишаст ва кулли мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон табрику таҳният гуфта, нафарони сарватманду саховатпешаро ба кумаку дастгирии мискинон, ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон, мусофирон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини дахлдори ҷумҳуриявиро шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки тавассути таъмини бозор бо молҳои арзону фаровон аз болоравии сунъии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи шарифи рамазон пешгирӣ карда шавад.

Аз роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ талаб карда шуд, ки дар миёни аҳли тиҷорат корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо дар ин моҳи шариф нархҳоро на қимат, балки арзон бояд кунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520