Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария

03.09.2009 18:50, Швейтсария

Рӯзҳои 2-юм ва 3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария қарор дошт.

Дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 – юми сентябр иштирок намуд ва ба ҳайси яке аз роҳбарони давлатҳои ташаббускору фаъол дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба об, иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилоти сайёра барои суханронӣ ба минбар даъват карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии ин конфронси муҳими байналмилалӣ бори дигар бо забони нобу ширини тоҷикӣ суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба ҳалли мушкилоти вобаста ба гармшавии иқлим дар ҷаҳон ва хусусан ба обшавии босуръати пиряхҳои азими минтақаи Осиёи Марказӣ, ки асосан самари фаъолияти инсон аст, ҷалб кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи аз ҳад зиёди нафту газ ва ангишт, ки боиси ба фазо рафтани ҳаҷми бешумори гази гармӣ ва тағйир ёфтани иқлими сайёра гаштааст, шадидан изҳори нигаронӣ карда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва ба самти дилхоҳ равона намудани тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист як қатор пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз обшавии босуръати пиряхҳои азими минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш намуда, гузаштан ба баҳрабардорӣ аз нерӯи барқи нерӯгоҳҳои обиро роҳи асосии пешгирӣ аз гармшавии иқлими минтақа, ҳифзи пиряхҳо ва мутаносибан эмин нигоҳ доштани захираҳои оби нӯшокӣ арзёбӣ намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳисоби олимону мутахассисони варзидаи соҳа асос ёфтааст, «захираи солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи арзонро ташкил медиҳад ва ин аз эҳтиёҷоти кунунии ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд аст».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз гармшавии иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад то тавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самти аз ҷиҳати стратегӣ муҳим муттаҳид намояд».

«Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз рӯи ҳаҷми партовҳо ҷои охирро ишғол мекунад, ки ин пеш аз ҳама, ба истифодаи гидроэнергетика вобаста аст», изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин таъкид дошт, ки «дар байни 200 кишвари ҷаҳон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксидаи карбон кишвари мо дар ҷои 150-ум қарор дорад».

Чунонки дар суханронӣ таъкид гардид, дар асри 20 ҳаҷми заминҳои обёришаванда дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз 3 ба 9 миллион гектар ва шумораи аҳолии он аз соли 1956 то имрӯз аз 20 миллион то ба 63 миллион расидааст.

Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зарурати навсозии тамоми шабакаҳои обёрии заминҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба миён гузошта, изҳор дошт, ки сабаби асосии камшавии оби баҳри Арал маҳз истифодаи бебаркаши оби нӯшокӣ ба ин мақсад аст.
Дар охири суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони конфронс ва ҳамаи нерӯҳои манфатдори ҷаҳонро ба ҳамкории босамар дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» (солҳои 2005–2015), ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гаштааст, даъват намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо ҳамчунин даъват намуд , то дар омодасозӣ ва ҷараёни Анҷумани байналмилалӣ оид ба об, ки моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштироки фаъол дошта бошанд.

Бояд таъкид намуд, ки таклифу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии иштирокдорони конфронс қарор грифт. Гузашта аз ин пешниҳодҳои ӯ оид ба афзалият додан ба истифодаи нерӯи барқи нерӯгоҳҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар, аз ҷумла гидроэнергетика дар суханронии дигар нотиқон низ таъкид гардид, аз ҷумла дар гуфтаҳои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Роҳбари Созмони байнидавлатӣ оид ба тағйирёбии иқлим доктор Раҷендра Кумар Пачаури.

Олими маъруфи ин соҳа Доктори Раҷендра Кумар Пачаури аз ҷумла изҳор дошт, ки барои истеҳсоли 1 мегават нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ 23 нафар машғули кор мешаванд ва дар нерӯгоҳҳои обию бодӣ тақрибан 7 нафар. Яъне танҳо аз ҳисоби ҷалби қувваи кории инсон арзиши аслии барқи нерӯгоҳи обӣ зиёда аз 3 маротиба арзон мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520