Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода

26.08.2021 08:33, шаҳри Турсунзода
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода   26.08.2021

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъатро мавриди истифода қарор доданд.

 Бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд карда шудааст.

Бинои нави се ошёнаи иншооти фарҳангӣ – маърифатӣ дар шаҳри Турсунзода аз 15 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла рассомӣ, фортепианно, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, доира, овозонии эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори хӯрди консертӣ, китобхона ва 3 утоқи маъмурият иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро дар муассисаи фарҳангӣ 20 нафар мутахассиси ватанӣ бо истифода аз унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ба анҷом расондаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар бинои нави муассисаи фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати истифодаи пурраю самаранок аз шароити фароҳамгардида бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ба омӯзгорон даструру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода барои омӯзиши нозукиҳои гуногуни санъат ба 220 ҳунаромӯз 25 нафар омӯзгори ботаҷриба ба фаъолият ҷалб гардидааст.

 Омӯзиш дар мактаби санъат аз 5 то 7 солро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода соли 1961 таъсис ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити ҳунаромӯзии наврасон дар он ба талаботи замон мувофиқ карда шудааст.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар заминаи таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба рушду густариши фарҳанги миллӣ биноҳои нави таълимию корӣ дар ин соҳа бунёд гардида, пояҳои санъати миллӣ устувору беҳтар ва арзишҳои хоси давлатдории тоҷикон эҳё карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Мактаби кӯдаконаи санъат дар шаҳри Турсунзодаро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорону ҳунаромӯзони он туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520