Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода

26.08.2021 09:20, шаҳри Турсунзода
Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода   26.08.2021

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода дар масоҳати умумии 3,6 гектар, аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори шаҳр бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замони имрӯза ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Фармоишгари иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни шаҳр зебоии хоса зам кардааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, барои хуррамгардонӣ бештар аз 200 бех дарахти ороишӣ, 10 ҳазор гулҳои доимӣ ва 60 ҳазор мавсимӣ шинонда шудааст. Бо мақсади таъмини сабзиш ва нашъу намои дарахтон ва гулу буттаҳо обёрӣ гардидааст.

Бо мақсади зебову назарабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидааст. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидааст, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Турсунзода дар ин макон истироҳат менамоянд.

Дар дохили боғи нав қасри шоҳмот, амфитеатр бо 7 мағозаи фурӯши армуғон ва ҳунарҳои мардумӣ, шаҳраки афсонаи «Аладин» бо ҷойгир намудани 12 атраксион, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зиёда аз 200 таҷҳизоти равшанидиҳанда, нишастгоҳҳо, ду майдончаи варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудаанд. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холигии худро босамар истифода бурда, ба варзиш машғул шаванд ва дигар имкониятҳои боғ пурсамар истифода баранд.

 Инчунин дар инҷо лавҳаи ташрифи меҳмонони олиқадр ба шаҳри Турсунзода, қаҳрамонони меҳнат, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ошхонаи миллӣ, 3 нуқтаи бозӣ ва ҳавзи шиноварии кӯдакона бунёд ёфтаанд, ки барои истироҳату фароғати сокинон муносиб мебошанд.

Дар дохили боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода амфитеатр низ сохта шудааст. Амфитеатр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сифати баланд бунёд гардида, барои баргузор кардани барномаҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ шароити созгор муҳайё карда шуд. Дар асоси лоиҳа амфитеатр дорои қариб 700 ҷойи нишаст буда, дар он нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудааст. Масоҳати умумии он 3 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи амфитеатр низ сабзу хуррам гардонда шуда, ба макони зебою дилписанди сокинон табдил ёфтааст.

Пас аз бунёди боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода бо ҷойгир намудани қасри шоҳмот, амфитеатр ва дигар иншооти варзишию солимградонӣ ва насби атраксионҳои нави кӯдакона сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғатро пайдо карданд. Сокинони шаҳр ҳамаи пешравӣ ва муҳайё сохтани зиндагии шоистаро, ки дар заминаи такмили инфрасохтори шаҳр ба миён омадааст, натиҷаи сиёсати бунёдкорони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520