Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаи иқлим

03.09.2009 18:00, Швейтсария

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Олиҷанобон!
Ширкаткунандагони мӯҳтарами конфронс!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Тағйирёбии иқлим яке аз проблемаҳои муҳимтарини муҳити зист буда, қариб ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти ҳаётии мардуми сайёра таъсир расонида истодааст. Ман мехостам ба Созмони ҷаҳонии ҳавосанҷӣ ва дигар сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид барои доир намудани конфронси имрӯза арзи сипосу миннатдорӣ намоям. Зеро ба шарофати кӯшишҳои онҳо солҳои охир ҷиддияти масъалаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он барои наслҳои имрӯзу оянда ба таври васеъ ва дақиқ эҳсос карда мешавад.

Ҳамчунин мехоҳам нақши ҷаласаҳои 13-ум ва 14-уми Конфронси ширкаткунандагони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро зикр намоям, ки боиси таҳияи созишномаи нави ҷаҳонӣ аз рӯи ин масъала гардидааст.

Итминон дорам, ки конфронси имрӯза низ дар роҳи омодагӣ ба ҷаласаи 15-уми Конфронс дар Копенгаген марҳалаи муҳим хоҳад гашт.

Бо истифода аз фурсат, изҳори умед менамоям, ки дар ҷаласаи дарпешистодаи Копенгаген ба мо муяссар хоҳад шуд, ки аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои амалиёти муштарак ва ҳамоҳангшуда бар зидди тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он, ки торафт аз худ дарак медиҳанд, ба мувофиқа расем.

Возеҳ аст, ки сабаби асосии тағйирёбии иқлим торафт афзоиш ёфтани партови газҳои гармӣ ба фазо мебошад. Танҳо дар давоми якчанд даҳсолаи охир ҳаҷми партови умумии газҳои гармӣ 70 фоиз ва сатҳи ғализии яке аз газҳои асосӣ - дуоксиди карбон қариб якуним баробар афзудааст. Ва ин ҳам маълум аст, ки манбаи асосии партови газҳои гармӣ соҳаҳои саноат ва махсусан энергетика мебошанд, зеро талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба энергия аз ҳисоби истифодаи навъҳои зеризаминии сӯзишворӣ (нафту газ ва ангишт) қонеъ гардонида мешавад. Ин, дар навбати худ, боиси хориҷшавии миллиардҳо тонна партови газҳои гармӣ гардида, афзоиши сатҳи ғализии онҳо дар фазо ба тағйирёбии умумии иқлим оварда мерасонад. Ба ибораи дигар, сабабгори аслии вазъи бамиёномада фаъолияти инсон мебошад.

Боиси ташвиш аст, ки вазъи мавҷуда тамоюли густариш дорад. Олимон пешгӯӣ кардаанд, ки дар ҳар ду даҳсолаи оянда ҳарорат тақрибан 0,2 дараҷаи селсия гарм мешавад. Коршиносон хушдор медиҳанд, ки тағийрёбии иқлим дар ниҳояти кор тамоми кӯшишҳоро дар самти мубориза бо камбизоатӣ камсамар ва ҳатто ночиз хоҳад гардонд. Мувофиқи маълумоте, ки дар Гузориши Созмони Милали Муттаҳид доир ба рушди инсон дар соли 2007-ум омадааст, дар натиҷаи гармшавии умумӣ тақрибан 332 миллион сокинони минтақаҳои назди соҳил ба муҳоҷирони экологӣ мубаддал гардида, 1,8 миллиард сокинони сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Тоҷикистон бинобар шароити мураккаби ҷуғрофии худ дар қитъаи Авруосиё яке аз кишварҳои аз тағйирёбии иқлим осебдида мебошад. Дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвари мо то 1 дараҷа баланд шуда, шумораи рӯзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиии марбут ба об, ки зиёни иқтисодии онҳо дар навбати худ имкониятҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш медиҳад, зиёд гардидаанд.

Мехоҳам зикр намоям, ки Тоҷикистон дар байни 200 кишвари ҷаҳон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷои 150-ум қарор дошта, ба гурӯҳи кишварҳои хориҷкунандаи ҳаҷми ночизи партови гази гармӣ шомил аст. Партови газҳои гармӣ дар Тоҷикистон ба ҳар нафар аз меъёри миёнаи ҷаҳонӣ хеле кам (соле камтар аз 1 тонна ба сари ҳар одам) буда, кишвари мо дар Осиёи Марказӣ аз рӯи ҳаҷми партовҳо ҷои охирро ишғол мекунад ва ҳиссаи он дар миқёси минтақа камтар аз 5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин пеш аз ҳама, ба истифодаи гидроэнергетика вобаста аст. Зеро беш аз 95 фоизи энергия дар мамлакати мо дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад, ки онҳо бархилофи нерӯгоҳҳои барқи гармӣ манбаи партовҳои зарарнок намебошанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки фоизи асосии партовҳо ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққӣ рост меояд, вале зарари онҳо ба тамоми аҳли сайёра паҳн мегардад. Дар чунин шароит ба миён омадани масъалаи ҷуброни ин хисоротро низ набояд аз мадди назар дур дошт.

Мӯҳтарам ширкаткунандагони конфронс!

Тавре ки маълум аст, тағйирёбии иқлим ба саломатии одамон, муҳити зист, кишоварзӣ, инфраструктураи нақлиёт ва дигар соҳаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Вале таъсири он ба захираҳои об аз ҳама бештар аст. Ин масъала хусусан дар Осиёи Марказӣ, ки об дар он на танҳо асоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, балки омили муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, пуршиддат гардидааст. Натиҷаҳои баъзе таҳқиқот нишон медиҳанд, ки аз соли 1956 то соли 1990 захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ беш аз 3 маротиба кам шудааст ва ҳар сол майдон ва ҳаҷми яхҳо ба ҳисоби миёна мутаносибан 0,6-0,8 фоиз ва 0,1 фоиз коҳиш меёбанд. Мувофиқи ҳисобҳои камтарин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ зиёда аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Дар мавриди идома ёфтани тамоюли мавҷуда дар Тоҷикистон шояд ҳазорон пиряхҳо нобуд шаванд.

Ба андозаи 2-3 дараҷаи селсия боло рафтани ҳарорати ҳаво тибқи пешгӯиҳо ба ҷараёни коҳишёбии пиряхҳо тақвият бахшида, ба кам гардидани захираҳои барф оварда мерасонад.

Дар навбати аввал коҳишёбии пиряхҳо ба афзоиши оби дарёҳои алоҳида, ки дар айни ҳол ба мушоҳида мерасад, мусоидат намуда, сипас ҳаҷми оби бисёр дарёҳо метавонад кам шавад.

Пешгӯиҳо доир ба тағйирёбии иқлими минтақа, ки дар ояндаи дарозмуддат ба кам гардидани оби дарёҳо аз 5-10 фоиз то 10-40 фоиз ишора менамоянд, тасаллибахш нестанд. Вазъиятро масъалаи афзоиши аҳолӣ (дар як сол 1,0-1,5 фоиз) ва рушди муттасили иқтисодиёти кишварҳои минтақа (ҳар сол ба ҳисоби миёна 7-10 фоиз), ки мувофиқи баъзе ҳисобҳо дар онҳо талабот ба об то соли 2030-юм 15-20 фоиз зиёд хоҳад гашт, душвортар мегардонад. Аҳолии минтақа, ки соли 1956-ум 20 миллион нафарро ташкил медод, ҳоло ба 63 миллион расидааст.

Чунин тамоюл, бешубҳа, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим муносибати дастаҷамъона тақозо мегардад, ки он бояд тадбирҳои кам кардани хориҷшавии газҳои гармӣ, тақвияти вазъи воситаҳои табиии фарогири ҳаво, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дигар чорабиниҳои ҳамоҳангшударо дарбар гирад.

Бо дарназардошти аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии захираҳои об зарур аст, ки доир ба нигоҳ доштани пиряхҳо ва захираҳои барф дар минтақа, анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ, ташкили назорат аз болои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва огоҳкунии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин равандҳо тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки саҳлангорӣ нисбат ба истифодаи захираҳои табиӣ чӣ гуна оқибатҳои ногувор дошта метавонад. Хушкшавии воқеии баҳри Аралро таъкид намуда, мо набояд ба нобуд гардидани пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем. Дар робита ба ин, ба назари мо зарурати таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самти аз ҷиҳати стратегӣ муҳим муттаҳид намояд, ба миён омадааст.

Барои кам кардани партовҳо ба фазо бар ивази сӯзишворӣ, ки манбаи асосии олудашавии ҳаво мебошанд, истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзалият дорад. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, мавриди истифода қарор додани захираҳои гидроэнергетикӣ, ки дар минтақа ниҳоят фаровонанд, муносиб мебошад. Танҳо дар Тоҷикистон захираи солонаи гидроэнергетикӣ 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки аз эҳтиёҷоти кунунии ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд аст. Ҳоло танҳо 5-6 фоизи ин иқтидор истифода мегардаду халос. Гидроэнергетика ғайр аз ин, ки манбаи таъминоти қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон ба ҳисоб меравад, ҳамчунин аз нуқтаи назари истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар ояндаи дур, ки захираҳои нафту газ дар натиҷаи истифодаи пайвастаи баъзе кишварҳои минтақа барои истеҳсоли қувваи барқ ба охир хоҳанд расид, муҳим мебошад.

Обанборҳои нерӯгоҳҳо танзими боэътимоди бисёрсола ва мавсимии ҷараёни обро, ки барои обёрӣ намудани заминҳо хеле зарур аст ва барои пешгирӣ намудани офатҳои марбут ба об, чун обхезӣ, сел ва кам кардани таъсири хушксолӣ мусоидат мекунад, таъмин менамоянд.

Дар бораи азхудкунии муштараки ин захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ Тоҷикистон борҳо бо ташаббус баромад кардааст. Итминон дорам, ки истифодаи самарабахши ин иқтидори бузург ҳам дар кам кардани партовҳо ба фазо ва ҳам дар андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол менамояд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим истифодаи самарабахши замин ва захираҳои об бо ҳадди ақалли таъсири антропогенӣ муҳим мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки бинобар самарабахш истифода набурдани захираҳои обу замин минтақаи Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми асри ХХ ба фоҷиаи бузурги экологӣ – хушкшавии баҳри Арал дучор гардид, ки оқибати он талафоти бузурги экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодиро ба миён овард. Сабаби асосии ин фоҷиа дар азхудкунии саросарии замин мебошад. Агар дар ибтидои қарни гузашта дар минтақа 3 миллион гектар замини корами обӣ вуҷуд дошта бошад, пас дар охири асри ХХ ин рақам ба 9 миллион гектар расид. Аз ин рӯ, имрӯз дар шароити шиддат ёфтани камбуди об дар минтақа зарур аст, ки ба таҳия ва ҷорӣ кардани низоми нави обёрӣ, баланд бардоштани самаранокии иншооти обрасонӣ ва ба вазъи мавҷуда мутобиқ муносиб гардонидани навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, яъне аз кишти зироатҳои обталаб гузаштан ба кишти зироатҳои ба хушкӣ тобовар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Тавре ки зикр гардид, саҳми Тоҷикистон дар тағйирёбии иқлим ночиз аст, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти проблемаи мазкур ва оқибатҳои манфии он барои инсоният дар чорабиниҳои байналмилалие, ки барои ҳаллу фасли ин масъала нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат менамояд. Аз ҷумла, кишвари мо соли 1998 ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шуда, ҳамчун ҷонибе, ки ба замимаи 1-ум шомил нагардидааст, ӯҳдадории ин Конвенсияро ба зимма гирифтааст ва дар соли 2008-ум протоколи Киоторо ба тасвиб расонадааст.

Ҳамчунин Ҳукумат доир ба сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим Нақшаи миллии фаъолиятро таҳия ва тасдиқ кард, ки он дар робита ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим афзалиятҳои асосиро муайян менамояд.

Гузориши Якум ва Дуюми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим пешниҳод гардиданд. Дар натиҷаи онҳо ба иштирокдорон дар бораи ҳаҷм ва суръати партови газҳои гармӣ, коҳишёбии захираҳои табиӣ, иқтисод ва тандурустии аҳолӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар бораи тадбирҳои татбиқшаванда ва ба нақша гирифташавандаи сабук гардонидани оқибатҳои ин зуҳурот иттилоъ дода шуданд.

Ҳукумати кишвари мо барои баланд бардоштани маданияти сарфаи энергия ва ҷорӣ кардани технологияи каммасрафи энергия, инчунин истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тадбирҳои муассир андешидааст. Дар робита ба ин, аллакай дар кишвар санадҳо ва барномаҳои махсус қабул карда шудаанд.

Мӯҳтарам ширкаткунандагони Конфронс!

Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша таваҷҷӯҳи хоса дорад. Ҳамчун кишвари ташаббускори қабул гардидани ду қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид – доир ба Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003 ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» (солҳои 2005–2015) мо дар татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои ин даҳсола сидқан манфиатдорем. Аз ин рӯ, мо барои ба ин раванд ҷалб намудани шумораи ҳарчи бештари ҷонибҳои манфиатдор кӯшиш карда истодаем.

Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли оянда дар шаҳри Душанбе Анҷумани байналмилалӣ оид ба обро доир менамояд. Мақсади чорабинии мазкур арзёбии пешрафту дастовардҳо дар самти расидан ба ҳадафҳои даҳсола ва таҳияи пешниҳодоти мушаххас барои татбиқи муваффақонаи вазифаҳо дар марҳалаи дуюми он мебошад.

Тағйирёбии иқлим, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳаллу фасли минбаъдаи масъалаи об, аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳими анҷумани дарпешистода хоҳад буд. Ба назари мо, агар мубоҳисаҳои Конфронси имрӯза дар доираи анҷумани зикршуда идомаи худро меёфтанд, мантиқан дуруст мебуд.
Мо тамоми ҷонибҳои манфиатдор, пеш аз ҳама созмонҳои марбут ба сохтори «Созмони Милали Муттаҳид ва об»-ро ба ҳамкорӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳим даъват менамоем.

Тавре ки маълум аст, моҳи декабри соли ҷорӣ дар Копенгаген Конфронси 15-уми ҷонибдорони Конвенсияи қолабӣ доир мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он андешидани тадбирҳои мушаххасро дар самти беҳдошти вазъи иқлим интизор аст. Мо умедворем, ки мулоқоти мазкур дар муттаҳид сохтани кӯшишҳои шумораи ҳарчи бештари давлатҳо барои корҳои минбаъда оид ба кам кардани партовҳои антропогении газҳои гармӣ рӯйдоди ҳалкунанда мегардад.

Дар доираи музокироти байналмилалӣ дар Копенгаген Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим пайравӣ карда, саҳми муносиб гузорад.

Ба диққататон ташаккур.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520