Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода додани нақби Шар-Шар ва оғози азнавсозии роҳи Душанбе–Ваҳдат-Данғара

30.08.2009 11:00, ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани нақби Шаршар ва оғози азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуд.

Маросими тантанавии ифтитоҳи нақби мошингарди Шаршар субҳи барвакти имрӯз бо ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи шимолии он оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелян ва роҳбари Ширкати сохтмони ро?у пул?ои ин кишвар лентаи рамзиро бурида, нақби мошингарди Шаршарро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони нақби мошингарди Шаршар 20 октябри соли 2006 оғоз ёфта буд ва дар зарфи қариб 3 сол нақби дарозиаш 2224 метр ва 5 километр роҳҳои ба он баранда бо 1 пули дарозиаш 179 метр бо сифати баланди матлуб бунёд ёфтааст.

Зимни боздид аз дохили нақб ва аз маркази идоракунии он аён шуд, ин иншооти бузурги коммуникатсионӣ бо сифати баланди мувофиқ ба талаботи байналмилалии роҳсозӣ бунёд ёфтааст. Дохили нақб бо ҳавокашҳои барқӣ, шабакаҳои таъмини бехатарии ҳаракат, аз ҷумла шабакаи зидди сӯхторӣ муҷаҳҳаз гаштааст, ки ҳамаи он аз маркази идоракунӣ тавассути таҷҳизоти компютерии муосир назорат ва идора карда мешавад.

Чунонки маълум шуд, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби мазкур масофаи роҳи Душанбе - Кӯлоб 7 километр ва вақти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он 40 дақиқа кӯтоҳ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон каме поёнтар аз даромадгоҳи ҷанубии нақби Шаршар ҳамчунин дар маросими оғози расмии азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуда, бо роҳсозони тоҷику чинӣ сӯҳбатҳои ҷолиб анҷом дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таҷрибаи зиёди бинокорони тоҷик дар сохтмони роҳу нақбҳо, пулҳо, иншооти гидротехникӣ ва ғайра таъкид дошт, ки ба корҳои сохтмонӣ бештар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои мутахассисони чинӣ дар сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои мошингард изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳамаи ин танҳо оғози ҳамкории ду кишвар дар ин самти стратегии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон аст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик роҳсозони тоҷику чин ҳамчунин метавонанд дар сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон – Қирғизистон- Чин ва Душанбе-Хуҷанд низ иштирок варзанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ ва ҳамаи мардуми кишварро бо арафаи ҷашни солгарди 18-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ифтитоҳи нақби мошингарди Шаршар ва оғози азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара табрику таҳният гуфта, ба бунёдкорони нақб барои бо сифати баланд анҷом додани сохтмону таҷҳизи он самимона арзи сипос кард.

Таъкид гардид, ки 130 миллион сомонии дар сохтмони нақби мошингарди Шаршар сарфшуда маблағи грантӣ ё худ тӯҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба мардуми Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳазорон нафар ронандагону мусофирони дар роҳи ағбаи Шаршар, ки ҳангоми садамаҳои вазнин ҳалок ва ё маҷрӯҳ гаштаанд ёдовар шуда, ифтитоҳи ин нақбро як рӯйдоди пурарзиш дар самти навсозии роҳҳои мамлакат арзёбӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки нақби Шаршар минбаъд Озодӣ номида шавад.

Дар мавриди азнавсозии роҳи Душанбе - Ваҳдат - Данғара бошад зикр гардид, ки дар маҷмӯъ он бо сарфи қариб 230 миллион сомонӣ амалӣ мешавад ва баъди анҷоми кор масофаи роҳ нисбат ба роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа - Данғара 76 километр кӯтоҳ мегардад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелян ва роҳбари Ширкати сохтмони ро?у пул?ои ин кишвар суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки ҳамкорию ҳамшарикии бинокорони тоҷику чинӣ минбаъд низ ба хотири таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии ду давлат бо муваффақият идома хоҳад ёфт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки азнавсозии роҳи Душанбе - Ваҳдат – Данғара дар зарфи ду соли оянда, яъне то ҷашни солгарди 20-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба поён мерасад.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷамъомада ва ҳамаи шаҳрвандони имкондоштаи кишварро бори дигар даъват намуд, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи рамазон ва арафаи ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбону беморон ва дигар эҳтиёҷмандон кӯмак расонанд.

Таъкид гардид, ки шахсони сарватманд метавонанд дар арафаи моҳи шарифи рамазон лампаҳои каммасраф харидорӣ карда, ба оилаҳои камбизоат чун фитри рӯза тақсим намоянд ва дар таъмини некӯаҳволии онҳо ва беҳтарасозии таъминоти мардум бо нерӯи барқ саҳмгузор шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520