Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

09.09.2021 17:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид.     

Дар рафти суҳбат Сарвари кишвари Туркия Президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Иди давлатӣ – 30-солагии истиқлолият самимона табрик намуда, дастовардҳои бузурги кишварро тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нақши созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуд.

Дар ин зимн масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду ҷолишҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Зимни баррасии мушкилоти Афғонистон президентҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбати масъалаҳои мубрами он таъкид карда, дар кишвар таъсис додани як ҳукумати фарогирро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои сокини он амри зарурӣ донистанд ва ба зарурати расонидани кӯмаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора карданд.

Ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо аҳамияти идомаи тамосҳои мунтазами сатҳи олиро ҷиҳати пешбурди самараноки тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба таъкид карда, ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Ҷумҳурии Туркия ба қадри ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ҳамагирии КОВИД-19 дар аввалин фурсати муносиб ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520