Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

15.09.2021 21:05, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко   15.09.2021

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқоти самимӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштараки мо муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша карданд.

Барои тавсеаи муносибатҳо фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсию низомии Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520