Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

16.09.2021 09:27, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян   16.09.2021

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Арманистонро хайрамақдам гуфта, робитаҳои деринаи Тоҷикистону Арманистонро омили муҳими рушди пайдарпайи муносибатҳои ду кишвар номиданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва фарҳанг, муҳокима карданд.

Барои мусоидат ба рушду пешрафти робитаҳои ҳамкории дуҷониба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дар ин замина баргузор намудани форумҳои тиҷоратӣ, зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520