Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар

16.09.2021 17:10, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар 16.09.2021

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон ва эътимоди мутақобили ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар чорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид, баррасӣ намуданд.

Ҳар ду ҷониб вобаста ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад.

Дар мулоқот инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520