Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

17.09.2021 11:49, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов   17.09.2021

17 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад, мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Ҷонибҳо зимни вохурии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳоро дар соҳаҳои ояндадори саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориро дар бахши фарҳангию гуманитарӣ муҳокима намуданд.

Зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ вазъи сиёсию низомии Афғонистони ҳамсоя муҳокима карда шуд.

Сарони ду давлат хостори ҳар чӣ зудтар бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи ин кишвари ҷангзада шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520