Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон

17.09.2021 18:40, шаҳри Душанбе
Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон   17.09.2021

Баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ва СҲШ мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон баргузор гардид.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.

Дар мулоқот оид ба қазияи Афғонистон ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ суханронӣ карданд.

Сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Пас аз анҷоми кори ҳамоишҳои сатҳи олӣ аз руи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520