Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими оғози сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе

29.07.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар маросими оғози сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай санги асос ва нома ба наслҳои оянадаро дар ҷойи бунёди бинои асосии сафоратхона гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни суханрониҳои табрикӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин ҷо дар майдони 1 гектар замин биноҳои маъмурии сафорат ва манзилҳои истиқоматии кормандони он бунёд хоҳанд ёфт.

Сарони ду давлат бунёди бинои нави сафоратро ба кулли шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва қабл аз ҳама, онҳое, ки миёни ду кишвар равуою ҳамкорӣ доранд, табрику таҳният гуфтанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520