Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод

20.09.2021 14:57, ноҳияи Нуробод
Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод  20.09.2021

Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нурободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба фаъолият оғоз намудани иншооти мазкур мушкилоти кормандони ҳизбро дар самти норасоии ҷой ва шароити зарурӣ ба пуррагӣ ҳал намуда, барои фаъолияти босамари кормандони ҳизб имконият фароҳам овард.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар он утоқҳои барҳавои замонавӣ ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, шаш утоқи корӣ бо назардошти тамоми имконот барои кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб ташкил гардида, дигар иншооти ёрирасон низ дар бинои нав бунёд ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон дар қабати сеюми бино ҷой дода шудааст.

Дар бинои нав барои кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам мебошад.

Иншоот бо истифода аз санъати баланди  меъморӣ  бунёд карда шудааст. Қобили ба зикр аст, ки гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ба Роҳбари муаззами ҳизб барои фароҳам овардани шароити мусоид, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба кору фаъолияташон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520