Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани шуъбаи таваллуд ва навзодони беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод

20.09.2021 16:00, ноҳияи Нуробод
Ба истифода додани шуъбаи таваллуд ва навзодони беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод   20.09.2021

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маржа” анҷом дода шудааст. Бино дар масоҳати 720 метри мураббаъ доман густурда, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин 240 метри мураббаъ роҳраву саҳни бино сафолакпӯш гардида, барои мизоҷон суҳбаткадаҳо сохта шудааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки иншоот бо тарҳ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда,  дар он барои беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур мушкилоти чандинсолаи бошандагони ноҳияи Нуробод пурра бартараф ва сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҷиҳати дар фасли сармо гарм нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, бино бо системаи махсуси гармидиҳӣ пайваст мебошад.  

Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳидоят намуданд. Дар навбати худ ворисони Сино изҳор доштанд, ки бо донишу маҳорати касбӣ талош менамоянд дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520