Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияи Нуробод

20.09.2021 16:20, ноҳияи Нуробод
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияи Нуробод   20.09.2021

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳамраъйии онҳо нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Нуробод даҳҳо марказҳои касбомӯзии хурду бузург ба фаъолият пардохтанд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани насли ҷавон нақши муассир доранд.

Пешвои муаззами миллат ба ҳунару маҳорати волои занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд доданд.

Бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифода аз тухмиҳои хушсифат кишоварзони ноҳия мувофиқи дурнамо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, тавонистанд дар таъмини амнияти ғизоии мамалкат саҳми муносиб гузоранд. Дар самти боғдорию токпарварӣ ноҳияи Нуробод дар мамлакат мавқеи хоса дошта, маҳсулоти ниҳоии он ба бозорҳои минтақа ва шаҳри Душанбе содирот мегардад. То имрӯз майдони боғу токзори ноҳияи Нуробод мутаносибан 470 ва 2 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520