Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод

21.09.2021 10:35, ноҳияи Тоҷикобод
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод  21.09.2021

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар масоҳати 300 метри мураббаъ бо тарҳи ҷадид ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст ва аз ду ошёна иборат мебошад.

Бинои нав ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, саҳми аъзоёни Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод аз утоқҳои кории барҳаво, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра таъмин мебошад.

Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро талаб намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр ба саҳмдорон изҳори сипос карданд.

Намои берунаи бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо тарҳи хос оро ёфта, дар атрофи он гулу дарахтони орошӣ шинонида шудааст, ки зебоии маркази ноҳияро афзун менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520