Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт

22.09.2021 09:20, ноҳияи Рашт
Ба истифода додани бинои ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт  22.09.2021

22 сентябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур дар масоҳати умумии 620 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад. Сохтмони он моҳи июни 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.

Ёдовар бояд шуд, ки санги асоси бинои мазкурро соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд.

Дар ошёнаи якуми бинои маъмурӣ, ошхона, толори маҷлисгоҳ барои 300 нафар ҷойи нишаст, ду ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ ҳуҷраи корӣ ҷойгир мебошад.

Бунёди бино нави маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод дар асоси таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири фаъолият ба кормандони мақомоти маҳаллӣ ва дар ҳамин замина баҳравар гардидани сокинони он аз шароити мусоиди хизматрасонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукмати мамлакат ба анҷом расидааст.

Дар ин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои иҷрои пурраи вазифаҳои хизматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хизмат расондан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ёдовар мешавем, ки аҳолии шаҳраки Навободро 6000 нафар ташкил медиҳад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520