Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ҶДММ “Меваҳои Бадахшон” дар ноҳияи Дарвоз

27.09.2021 13:40, ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи ҶДММ “Меваҳои Бадахшон” дар ноҳияи Дарвоз  27.09.2021

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз се корхонаи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меваҳои Бадахшон”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меваҳои Бадахшон” дар деҳаи Дуробаки ноҳия Дарвоз дар асоси дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Масъуд Закряев дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.

Самти асосии фаъолияти корхона коркард ва банду басти меваю сабзавот ва истеҳсоли чипс буда, маҳсулоти ниҳоӣ баробари таъмини бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.

Таҷҳизот ва хатҳои технологии корхонаи нави саноатӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Русия, Туркия ва Украина ворид ва васлу насб гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меваҳои Бадахшон” тавассути ду хати технологӣ - чипсбарорӣ ва навори мевагӣ (батончик) амалӣ мегардад.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 1,3 тонна ва дар як сол то 400 тонна меваю сабзавотро коркард намояд.

Дар корхона дар марҳилаи аввал 9 навъи маҳсулот, аз ҷумла 4 намуди чипс аз лаблабу, сабзӣ, нок ва себ ва 5 намуди масҳсулоти серғизою болаззат аз мева истеҳсол карда мешавад.

Меваю сабзавот барои коркард ва банду баст ба корхона дар асоси шартнома аз боғпарварон ва кишоварзони ноҳияи Дарвоз дастрас мегардад.

Истеҳсолоти корхона зери тамғаи “Карон эко фрутс” (Karon eco fruits) дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ банду баст ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.

Корхона дорои нуқтаҳои қабули маҳсулоти хом, шустушӯӣ, хушкнамоӣ, резасозӣ ва ҷудо кардани маҳсулоти нуқсдор буда, раванди фаъолияти хатҳои истеҳсолӣ пурра тавассути технологияи муосир назорат карда мешавад.

Ҳамзамон барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр дар корхона анбори алоҳида бо ғунҷоиши 40 тонна маҳсулот мавҷуд аст.

Маврид ба зикри хос аст, ки маҳсулоти корхона аз лиҳози экологӣ 100 дар сад табиӣ аст, зеро ба он ягон маводи кимиёвӣ барои хушсифату болаззат шудан илова карда намешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Корхона дар муҳлати хеле кутоҳ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 4 миллион сомонӣ бо сатҳу сифати баланд дар масоҳати 1148 метри мураббаъ сохта шудааст.

Роҳандозии истеҳсоли чипс аз меваҳои хуштаъму лазизи ватанӣ таҷрибаи нахустин буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси корхонаву коргоҳҳои муосири коркарди дастранҷи боғпарваронро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба нақша гирифтааст.

Бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар ноҳияи Дарвоз бо мақсади истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда амалӣ гардида, омили муҳим дар самти таъмини сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва як қадами устувор барои саноатикунонии босуръати кишвар дониста мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди маҳсулоти хоми ватанӣ то ҳади ниҳоӣ ва рушди деҳот намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Ба масъулон барои дастгирӣ аз ингуна иқдомҳои бунёдкорона ва минбаъд низ таъсис додани коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ҷиҳати коркард ва банду басти меваю сабзавоти тозаи табиӣ махсусан аз минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520