Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Роштқалъа

28.09.2021 07:45, ноҳияи Роштқалъа
Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Роштқалъа  28.09.2021

28 сентябр баъд аз анҷом додани сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Маркази адлияро, ки бо тарҳ ва стандартҳои баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур яке аз бандҳои таҳрезишуда бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сохтмони он дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бинои Маркази адлия дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар қабати якуми иншоот толори ақди никоҳ, бақайдгирӣ ва шуъбаи назорату коргузорӣ ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои кормандони нотариалӣ пешбинӣ гардидааст.

Зимни боздид Сарвари давлат ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати хизматрасонии хубу босифат ба мардум дастуру ҳидоятҳо доданд.

Қобил ба зикр аст, ки то ба истифода додани иншооти мазкур кормандони соҳаи адлия дар ноҳияи Роштқалъа мушкилиҳои зиёд доштанд. Акнун баъди ба истифода додани Маркази мазкур мушкилоти кормандон пурра ҳал гардида, шароити хуби корӣ низ фароҳам оварда шуд.

Атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо гардонида шуда, роҳравҳои ҳудуди бино чароғон карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази адлия соли 2019 оғоз шуда, он аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардидааст. Тамоми масолеҳи сохтмонӣ истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ буда, пеш аз истифода аз озмоишгоҳ гузаронида шудаанд.

Масъулини соҳа барои фароҳам овардани шароити хуби корию хизматрасонӣ ба Сарвару роҳнамои худ изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки минбаъ низ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро ҷонибдорӣ ва дар пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520