Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

28.09.2021 11:57, ноҳияи Роштқалъа
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа  28.09.2021

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимию созанда анҷом дода, ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, иншооти хизматрасонӣ, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳу пулҳо бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Илова бар ин, мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба роҳ монда, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 140 иншооту биноҳоро ба маблағи 35 миллион сомонӣ сохта, ба истифода додаанд, ки ин иқдом барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат намудааст.

Президенти мамлакат ба сокинони ноҳияи Роштқалъа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ба соҳибкрони баномуси ноҳия ҷиҳати иштироки фаъол дар корҳои ободониву бунёдкорӣ изҳори сипос карданд.

Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳибкориву ҳунармандӣ, хизматрасониву сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, масолеҳи сохтмон ва дигар навъҳои маҳсулот ҳанӯз хеле зиёд мебошанд.

Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар оянда барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти заргарӣ, зиёд намудани истеҳсоли маводи доруворӣ ва афшура аз мева барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ чораҷӯӣ карда шуда, дар ин самт коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда шаванд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 715 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин давра дар ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 2 лоиҳа идома дорад.

Роҳбарияти ноҳия вазифадор гардиданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва истифодаи васеъи имконоти мавҷуда тақвият бахшанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 16 иншооти соҳаи энергетика таҷдиду азнавсозӣ гардида, ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа ҳоло таъминоти ноҳия бо барқ хеле беҳтар гардидааст.

Дар ин раванд, маблағгузории нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ танҳо дар даҳ соли охир 1,5 баробар зиёд гардида, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия бо 14 техникаву механизмҳои роҳсозӣ таъмин карда шудааст.

Бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоиди замонавӣ барои хонандагони ноҳияи Роштқалъа тайи сӣ соли гузашта 12 муассисаи нави таълимӣ барои зиёда аз 2040 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии ноҳия низ як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Имрӯз 34 муассисаи тиббии ноҳия бо 158 нафар табибону кормандони миёнаи тиббӣ бо мақсади ҳифзи солимии сокинон фаъолияти самаранокро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд дар ноҳия механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ карда шуда, дар давоми 6 соли охир ба 7000 нафар сокинони ноҳия кумакҳои иҷтимоӣ пардохт гардидаанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳия дар оянда низ тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи дастоварди бузургтарини истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, рушди давлат ва ободии Ватани соҳибихтиёрамон равона месозанд.

Як гуруҳ сокинони ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа – омӯзгор Ғуломшоев Алихон, собиқадор Ҳайдарзода Ғайбулло ва донишҷу Норанҷова Ангелина баромад карда, барои дастгирию ғамхории ҳамаҷониба ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипос карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520