Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ

29.09.2021 11:24, шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ   29.09.2021

Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори барҳавои варзиширо ифтитоҳ карданд.

Минбаъд наврасону ҷавонони маркази вилоят метавонанд дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд бардоранд.

Бунёду ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ ва дар ин замина беҳтар намудани имконият барои машқи бадан имкон фароҳам овард, ки ҷавонон аз шароити замонавии соҳа баҳравар шаванд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзалияти солимӣ барои ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёд намудани толору майдончаҳои варзишӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба сокинон муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд дода, ҷавононро барои ҳарчи бештар ба варзиш ру овардан, ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520