Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ

29.09.2021 18:27, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон!

Дар ин лаҳзаҳое, ки мову шумо ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлолу озодии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҷамъ омадаем, кулли сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати ин санаи таърихиву тақдирсоз самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як сокини вилоят сулҳу оромӣ, тандурустиву хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Дар давоми чанд рӯзе, ки мо бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қарор дорем, хуб мушоҳида кардем, ки мардуми заҳматкаши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қатори дигар сокинони мамлакат барои сазовор пешвоз гирифтани ин чашни воқеан таърихӣ бисёр корҳои ободониву созандагиро анҷом додаанд ва дар натиҷаи чунин иқдомоти ватандӯстона шаҳру ноҳияҳои вилоят боз ҳам ободу зебо ва шароити зиндагии мардум хеле беҳтар гардидааст.

Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то имрӯз 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба хотири рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Танҳо соли 2020 ва шаш моҳи соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои мухталиф, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии буҷети вилоят 922 миллион сомонӣ равона шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.

Дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва беҳтар намудани ҳолати беҳдоштиву обтаъминкунии аҳолӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 91 миллион сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз корҳо ба маблағи беш аз 22 миллион сомонӣ иҷро шудаанд.

Қобили зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир бомаром афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 21 баробар ва ба ҳар як нафар аҳолӣ 97 баробар афзудааст.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад.

Тавре шумо огоҳ ҳастед, саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон гардидааст.

Вобаста ба ин, ёдовар бояд шуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконияту захираҳо барои рушди истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ хеле зиёд мебошанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои Мурғоб ва Дарвоз корхонаҳои бузурги соҳаи истихроҷ таъсис ёфта, ҳоло муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти пурмаҳсули сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони 30 - соли истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ сол ба сол рушд ёфта, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузошта истодааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят соли 2020 ба 573 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд мебошад.

Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,7 баробар, аз ҷумла гандум 2,6 баробар, картошка 3,2 баробар, сабзавот 3,8 баробар ва мева 17 баробар афзудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми кишоварзони вилоят барои заҳмати содиқона ва чунин дастовардҳои назаррас сипосу миннатдорӣ баён мекунам.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва бо нерӯи барқ таъмин намудани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр корҳои муҳим амалӣ карда шудаанд.

Сохтмон ва таъмиру азнавсозии як қатор нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва офтобӣ, сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи «Танг – Хоруғ», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва таъсис додани нахустин лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ – Ҷамъияти саҳҳомии «Помир Энерҷӣ» дар рушди соҳаи энергетикаи вилоят нақши басо муҳим гузоштанд.

Дар маҷмӯъ, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи умумии 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо амалисозии боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 31 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ, аз ҷумла нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 киловатт бунёд гардида, 13,6 мегаватт иқтидорҳои мавҷуда таҷдиду азнавсозӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи давлату Ҳукумат ҳудуди барқтаъминкунӣ дар вилоят васеъ гардида, аз 13 фоизи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба 96 фоиз расонида шуд ва бо татбиқ гардидани якчанд лоиҳаи энергетикии дигар вилоят 100 фоиз бо барқ таъмин карда мешавад.

Бо ин мақсад, ҳоло амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дошта, мувофиқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2023 ба истифода дода мешавад, ки илова ба таъмин кардани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, дар даврони соҳибистиқлолӣ 11 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ намуд.

Дар натиҷа бунёду азнавсозии 373 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалидошта ва 40 пул ба анҷом расонида шуд.

Илова бар ин, ду рӯз пеш қитъаи роҳи Шкев – Қалъаи Хумб ба дарозии 26 километр ифтитоҳ гардид.

Ҳоло дар соҳаи роҳсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи боз 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар доираи лоиҳаҳои дар вилоят амалишудаистода, дар маҷмӯъ, 70 километр роҳҳои вилоят азнавсозӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла қитъаи Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ба масофаи 32 километр рӯзҳои наздиктарин ҳангоми сафари кории мо ба вилояти Хатлон ифтитоҳ мегардад.

Иловатан, бо супориши Роҳбари давлат аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда азнавсозии боз 38 километр роҳи Шкев – Зиғар, инчунин, дар мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз ба дарозии 360 метр бунёди нақб барои ҳимояи роҳ аз фаромадани тарма нимаи якуми соли 2022 анҷом меёбад.

Ҳамчунин, аз 17 пули дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон банақшагирифташуда соли 2021-ум 14 пул, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз 2 пул, ноҳияи Ванҷ 8 пул, ноҳияи Рӯшон 1 пул ва ноҳияи Мурғоб 3 пул ба истифода дода мешавад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 300 миллион сомонӣ 180 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд.

Танҳо дар соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 11 бинои нави таълимӣ бо 2135 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуда, соли 2021 сохтмони боз 8 бинои иловагӣ барои 1000 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, дар 25 соли охир зиёда аз 3600 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асоситарину афзалиятнок эълон гардида, барои рушди онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Танҳо дар соли 2021 барои соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз буҷети давлат ҷудо кардани 92 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 15 фоиз зиёд мебошад.

То соли 2006 ба аҳолии вилоят 246 муассисаи тиббӣ хизмат мерасонид.

Имрӯз шумораи чунин муассисаҳо ба 347 расида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади ҳалли масъалаи нарасидани мутахассисон дар соҳаи тандурустии вилоят ҳоло аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 292 нафар, аз ҷумла бо квотаи президентӣ 190 нафар ҷавонон таҳсил карда истодаанд.

Аз соли 1991 то инҷониб аз вилоят дар муассисаи зикршуда 1104 нафар донишҷӯён таҳсил кардаанд, ки 400 нафари онҳо бо квотаи президентӣ қабул карда шудаанд.

Инчунин, дар давраи соҳибистиқлолӣ 3802 нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон коллеҷҳои тиббии кишварро хатм карда, ҳоло дар ин муассисаҳо боз 579 нафар таҳсил карда истодаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Як нуктаи муҳимро мехоҳам хотирнишон созам, ки мову шумо ба чунин дастоварду пешравиҳои таърихӣ дар кишварамон, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ноил гардидем.

Бинобар ин, ҳифзи неъмати азизтарини зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастоварди бузургтарини он – сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ, заҳмати аҳлона ва содиқонаву софдилона ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурдани обрӯи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон вазифаи ҷонии ҳамаи мову шумо, яъне ҳар як фарди бонангу номус, огоҳу бедордил ва ватандӯсту ватанпараст мебошад.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва шарафу номуси ватандории мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итминони комил дорам, бо кору пайкор ва садоқати фарзандони накӯноми онҳо ифтихор менамоям ва дилпурона иброз медорам, ки мардуми бошарафи вилоят минбаъд низ ба Ватан, миллат ва давлати соҳибихтиёри худ содиқона хизмат мекунанд.

Бори дигар тамоми сокинони шарафманду ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, зиндагии босаодат ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҳамеша саломат, сарбаланд ва сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520