Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов

30.09.2021 18:10, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов  30.09.2021

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳоро дар ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, кибер-ҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо таҳмили идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ карданд.

Вобаста ба вазъи мураккаб дар Афғонистон масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир муҳокима гардид.

Дар ин зимн аҳаммияти иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ” таъкид гардид.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои истирдод ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, баррасӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520