Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

01.10.2021 10:30, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  01.10.2021

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҷмааи варзишии замонавиро, ки бо саҳми соҳибкор Амрохон Саидов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи варзишӣ дорои 5 толори хурди варзишӣ, аз ҷумла як толор барои тэквандо, толори гӯштин, толор барои бозии шашкаю шоҳмот, толори тамрин ва толори тениси рӯи миз аст.

Иншооти варзишӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ сохта шуда, дар он барои ба машқу тамрин фаро гирифтани ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Маҷмааи варзишӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар як вақт зиёда аз 100 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш тамрин хоҳанд кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо варзишгарон ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Маҷмааи варзишӣ ба масъулон дастур доданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои саривақтиро амалӣ намояд.

Се соли охир дар ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ дар раванди босуръати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 10 майдонча, се толор ва як маҷмааи варзишӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он бештар аз 1000 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи 11 намуди варзиш ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520