Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

11.07.2009 15:00, Латвия,, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Барномаи рӯзи аввали сафари давлатии меҳмони олимақом бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Ба ин муносибат дар ин ҷо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Латвия афрохта шуда, Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерсро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ фармондеҳи Горди фахр? ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.

Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо овард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.

Дар маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Латвия ҳамчунин намояндагони сершумори корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар бинои Қасри Миллат нахуст мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс баргузор гашт.

Масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон метавонад роҳкушои Латвия ба сӯйи Осиёи Ҷанубӣ ва Латвия дарвозаи Тоҷикистон ба Аврупо бошад.

Барқарорсозии робитаҳои анъанавии миёни Тоҷикистону Латвия барои ҳарду кишвар судбахш арзёбӣ гардид. Созмон додани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди алюминий, нахи пахта, пӯст, пашм, меваю сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки табиӣ, ки дар Тоҷикистон захираҳои фаровони онҳо мавҷуданд, аз самтҳои ояндадори ҳамкории иқтисодӣ маънидод гардид.

Валдис Затлерс таваҷҷӯҳи махсус ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика зоҳир намуда, таъкид дошт, ки Латвия омода аст, ба Тоҷикистон дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ мусоидат намояд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илму техника ва туризм, хусусан туризми экологӣ низ дорои имкону захираҳои фаровон арзёбӣ карда шуд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Латвия якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Изҳороти муштарак дар бораи густариши минбаъдаи муносибатҳои дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс имзо гузоштанд.

Ҳамчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид, ки яке Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ ва техникӣ ва дуввумӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумхурии Латвия оид ба алоқаи автомобилии байналмилалӣ мебошад.

Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс ба ҳамдигар мукофотҳои олии давлатӣ тақдим намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи зарин ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи зарин мукофоти олии давлатии Латвия буда, бо он танҳо сарони давлатҳо мукофотонида мешаванд.

Сипас сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд, ба барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои судманди ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Ригаю Душанбе ва аллакай се маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардани гурӯҳҳои калони соҳибкорони Латвия аз ҷумлаи натиҷаҳои ҳамин сафар маънидод гардид. Таъкид карда шуд, ки кушодани хатсайрҳои мустақими автомобилию роҳи оҳан ва робитаҳои бонкию саноатӣ аз ҷумлаи кадамҳои навбатӣ баҳри густариши ҳамкории минбаъдаи иқтисодӣ хоҳанд буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари ҷавобии давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба Тоҷикистон ва боздиди гурӯҳи сершумори соҳибкорони ин кишвар ба раванди густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони тоза мебахшанд.

Ҳарду ҷониб ба рушди ҳамкории судманд баҳри мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он изҳори ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520