Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ноҳияи Восеъ

04.10.2021 09:41, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ноҳияи Восеъ   04.10.2021

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншооти фарҳангӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули меъмории замонавӣ аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” бо сифати баланд бунёд карда шудааст.

Дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда, аз қабили арча, магнолия, клён, каштан, сирен ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он майсазор карда шудааст. Гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони сояафкан дар ҳоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” парвариш карда шудааст.  

Партовҳои зиёд, оби ифлос ва роҳи таъмирталаб ҳолати қаблии мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” буд, ки метавонист ба хуруҷи даҳҳо беморӣ сабаб шавад. Бо назардошти он, ки оби нӯшокӣ дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт, сароғоз аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” барои сокинони деҳаи Қайнар оби тозаи нӯшокӣ бароварда шуд. 

Сипас аз соли 2017 корҳои созандагӣ оғоз гардид ва иқдоми ватандӯстонаи коргарони хоҷагии “Файзи Саид” аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дастгирӣ пайдо намуд.

Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” имкон фароҳам оварда шуд, ки ин ҷо ба макони зебову дилнишин табдил ёбад.

Суҳбаткада ва нишастгоҳҳо бо сохти меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.  

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.

Ҳамзамон ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонад.

Аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ таҳқиқу пажуҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудааст. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи сомониён, кӯшониён ва юнону бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунад.

“Ҳавзи Қайнар” манбаи асосии таъмини оби нӯшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб мерафт. Тавре аз сарчашмаҳо бар меояд оби нӯшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда шуда буд.

Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад.

Дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба эҳёи ин мавзеи таърихӣ ва муаррифии санъати баланди шаҳрсозии ниёгон сабаб гардид.  

Роҳравҳои ҳудуди мавзеъи таърихӣ ба андозаи 4 580 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудааст. Барои равшаннамоӣ 53 сутунпоя насб гардидааст.  

Ҳамзамон дар шафати мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” чойхонаи замонавӣ бунёд гардидааст ва сокинони деҳа пайваста метавонанд аз он истифода баранд.

Мавзеъи таърихии “Ҳавзи Қайнар” аз маркази ноҳия дар масофаи 13 километр ва аз маркази деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар масофаи 4 километр дур воқеъ мебошад.

Амалӣ намудани таҷрибаи намунавии ободкорӣ имкон фароҳам овард, ки ин ҷо ба як макони фароғатии дилнишин табдил ёбад ва сокинони ноҳияи Восеъ бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу суботи комил дар Ватан ҳамарӯза бо таърихи ниёгон шинос ва фароғати худро комил намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520