Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ

04.10.2021 09:50, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ   04.10.2021

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгаштро ифтитоҳ карданд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгашт дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” бо усули меъмории замонавӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди “Восеъ-Ховалинг” воқеъ мебошад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 43 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Маконе, ки майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатобод бунёд карда шудааст, солҳои пеш аз офати табиӣ зарар дида, вайрону валангор ва қаблан бекорхобида буд. Бо амалӣ намудани корҳои тахту ҳамворкунӣ ва кашондани хок дар ин ҷо барои сохтани чунин як мавзеи дилнишин имконият фароҳам омад.

Амалӣ намудани тадбирҳо дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боис шуд, ки ин мавзеъ ба ҷойи асосии сайру сайёҳат ва фароғати ҷавонону наврасон табдил ёбад.  

Роҳравҳои ҳудуди гулгашт бо тарҳи зебои меъморию сохтмонӣ бунёд шуда, дар масоҳати 11 ҳазору 245 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Дар ҳудуд ва атрофи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамаи ин ободкориҳо аз завқи баланди зебоипарастии кормандони Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” мебошад.

Фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” бисёрсамта буда, дар баробари зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ба парвариши ниҳолҳои гуногуни ороишию сояафкан низ машғул мебошанд.

Коргарони хоҷагӣ дар ниҳолхонаи худ дарахтони гуногуни сояафкани ороиширо парвариш карда, дар кӯчаҳои деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шинонидаанд. Аксари гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони сояафкан дар худи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” парвариш гардидааст.

40 ҳазор гули садбарги гуногунранг ва 270 дарахти сояафкани нодир аз ороишоти асосии маркази фарҳангию фароғатӣ аст, ки бо санъати зебои ободонию кабудизоркунӣ аз тарафи коргарони хоҷагӣ шинонида шудааст.

Дар асоси лоиҳа ва таҷрибаи муосири бунёди марказҳои фарҳангӣ-фароғати сурат гирифтани сохтмон барои дар шомгоҳон сайру гашт намудани сокинону меҳмонон дар ноҳияи Восеъ мусоид мебошад, зеро дар баробари дигар тадбирҳои ободонӣ барои тамошои мардум 70 адад сутуни зебо бо чароғҳои ранга насб карда шудааст. Дар маҷмуъ равшаннамоии ҳудуди ин маркази фарҳангию фароғатӣ ба пуррагӣ таъмин гардидааст.

Барои таъмини шароити созгори истироҳат баҳри сокинону меҳмонон 50 нишастгоҳ ва суҳбаткадаҳо гузошта шудааст. Суҳбаткада ва нишастгоҳҳо бо сохти меъмории миллӣ бунёд карда гардидааст.  

Барои обёрии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт аз зери замин об бароварда шуда, 3 насос насб ва обанбор сохта шудааст.

Ҳамзамон атрофи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асфалтпӯш карда шуда, дар шафати он барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст.  

Иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии Ватан имкон фароҳам овард, ки ҳамагон аз шароити замонавӣ барои фароғат дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ васеъ истифода баранд.

Ин тадбири муҳим дар доираи ҳадафҳо ҷиҳати арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ барои баҳравар шудани ҳамагон аз имкони замонавӣ барои фароғат ва баланд шудани эҳсоси худшиносӣ мусоидат мекунад.

Ба роҳ мондани иқдоми ободии маҳал, бахусус дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ амалӣ ҷавонмардона, таҷрибаи намунавии ободкорӣ ва дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ аст. Ин имкон фароҳам меорад, ки як гӯшаи Ватан обод ва дилнишин гардад. Акнун сокинони деҳоти мазкур бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу суботи комили Ватан ҳамарӯза бо истифода аз ин ободонию пешрафти маҳалли хеш кору зиндагии шоиста менамоянд.  

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз аз тарафи роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ якчанд иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст. Сокинони деҳаи Меҳнатобод имрӯзҳо аз шароити муосири иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзишию фарҳангӣ, ки аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” барои онҳо бунёд гардидааст, самаранок истифода мебаранд. Баъди бунёди иншоот даҳҳо нафар сокинони деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.

Пас аз ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ ва гулгашти он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми ватандӯстонаи роҳбарият ва коргарони Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” дар роҳи ободонии як гӯшаи сарзамин, аз ҷойи вайрону валангор ба як макони зебои сайру сайёҳат мубаддал кардани мавзеъ, баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат ин ташаббуси созандаи онҳоро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520