Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб

05.10.2021 08:15, шаҳри Кӯлоб
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб  05.10.2021

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Сарвари хирадпеша ва ояндасоз - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шумораи зиёди сокинони шарафманди ин шаҳри бостонӣ бо шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520