Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ

04.07.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор иншооти ҷашнӣ, ки то солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд мавриди истифода қарор гиранд, дидан карда, баҳри бо суръат ва сифати баланд анҷом додани бунёди онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мавзеи боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи панҷситорадори Ҳаёт- Душанбе бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ дар майдони 15 гектар бунёд ёфта, аз ду қисмат иборат иборат хоҳад буд. Яке аз онҳо барои кӯдакон ва дувумӣ барои калонсолон пешбинӣ шудааст.

Дар боғи мазкур ҳавзҳои шиноварӣ, фаввораҳои хурду бузург, гулгаштҳо, чойхонаю қаҳвахонаҳо, нуқтаҳои савдо, майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои компютерӣ омодаи қабули сокинону меҳмонони пойтахт хоҳанд буд.

Иншооти марказии боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ Чойхонаи боҳашамати миллӣ хоҳад буд, ки дар он дастоварҳои гузаштаю имрӯзаи санъати волои миллии меъморӣ, наққошӣ, кандакорӣ дар боли гач ва чӯб ва омезиши ин ҳунарҳо бо санъати муосиру гузаштаи ҷаҳонӣ таҷассум хоҳад ёфт.

Чунонки маълум шуд, сохтмони зербинои чойхона ва дигар иншооти боғ бо суръати дилхоҳ дар ҷойи бунёди он идома дорад. Корҳои наққошию кандакории ин ва дигар иншооти ҷашнӣ бошад, дар ҷойи дигар барои дар оянда оварда, васлу насб кардан аз ҷониби беш аз 700 нафар беҳтарин устоҳои чирадасти кишвар муташаккилона идома доранд.

Мавзеи омодасозии сутунҳо ва фаршу сақфи иншооти миллии ҷашнӣ, ба мисли Чойхонаи миллӣ Боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ ва Чойхонаи миллии маркази ноҳияи Данғара имрӯз натанҳо ба як коргоҳи бузурги устоҳои чирадасти Тоҷикистон, балки ба як мактаби беҳамтои омӯзиши кадрҳои ҷавони санъати меъморӣ ва наққошию кандакорӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз дар ҳудуди корхонаи Сомон – сохтмон барои қариб 500 нафар устоҳо, ки барои кор дар ин ҷо аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат даъват шудаанд, як бинои зебою муосири хобгоҳ бунёд ёфта истодааст, то барои онҳо дар ин ҷо тамоми шароити кору зиндагӣ муҳайё бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520