Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Спитамен

08.10.2021 09:33, ноҳияи Спитамен
Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Спитамен  08.10.2021

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро ифтитоҳ намуданд.

 Корхонаи “Органик Ян” соли 2018 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давронҷон Аҳмедов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис дода шуда, самти фаъолияташ ба тоза намудани пахта ва коркарди ниҳоии он нигаронида шудааст.

Коргоҳи навро дар деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 2350 метри мураббаъ бунёд намудаанд. Дар коргоҳ 2 дастгоҳи риштатайёркунӣ, 32 дастгоҳи бофандагӣ, 12 дастгоҳи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои матоъпоракунӣ васлу насб карда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” дорои корхонаи пахтатозакунӣ низ ҳаст ва ашёи хомро аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамен ва атрофи он харидорӣ намуда, коркард мекунад. Маврид ба зикр аст, ки соли 2019 низ аз ҷониби ҷамъияти мазкур бо мақсади коркарди чигит коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Спитамен ва коргоҳи истеҳсоли риштаи матоъбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуд. Инак бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор пахтаи дар корхонаи пахтатозакунии ҷамъият тозакардашуда дар сатҳи ниҳоӣ коркард мешавад. Дар коргоҳ намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои калонсолону хурдсолон, либоси кӯдакона ва ҷиҳози хона, аз ҷумла болопӯши рахти хоб ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли чунин номгӯи маҳсулот дар ҷумҳурӣ бори нахуст ба роҳ монда шуд.            

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1500 тонна маҳсулоти тайёри пахтагӣ мебошад. Маҳсулоти дар коргоҳ истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. Мақсад аз таъсиси коргоҳ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсолии нав дар “Органик Ян” боз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ баҳои баланд доданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520