Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел

11.10.2021 10:38, Белгия
Мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел  11.10.2021

11 октябр дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи он табодули андеша намуданд.

Омода намудан ва баимзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд ва тадбиқи ҳадафмандонаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва нақши Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027 ҷиҳати амалисозии ниятҳои ҳамгироӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин тавсеаи муносибатҳоро дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахши амният, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн, ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хоса намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520