Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси сенати Ҷумҳурии Фаронса Жерар Ларше

13.10.2021 22:30, Франсия
Мулоқот бо Раиси сенати Ҷумҳурии Фаронса Жерар Ларше  13.10.2021

13 октябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, Фаронсаро шарики боэътимод ва ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳиму афзалиятнок маънидод намуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ду кишвар судманд омодагии худро иброз доштанд.

Дар муносиботи ду кишвар ҳамкории байнипарлумонӣ мавқеъи хоса дорад ва ҷоннок кардани фаъолияти Гуруҳи дӯстии Фаронса - Осиёи Марказӣ ва робитаи байни вакилон ба эҷоди боварию эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба, инчунин заминаҳои ҳуқуқии онҳо, мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Франсия омода аст.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурда шуд.

Дар самти ҳамкорӣ дар бахши маориф фаъолияти босамари Маркази фарҳангии “Бактрия” (Бохтар) ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус, Мундус ва Эразмус плюс, махсус қайд гардид.

Ҷиҳати таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассиааҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзур кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Фаронса Жерар Ларше даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520