Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои истиқоматии 8-ошёна бо филиали Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар” дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

21.10.2021 10:12, ноҳияи Темурмалик
Ифтитоҳи бинои истиқоматии 8-ошёна бо филиали Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар” дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик  21.10.2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бинои истиқоматии 8-ошёна бо ҷойгиркунии бахши Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо имкониятҳои бахши Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар”, ки дар таҳхона ва ошёнаи аввали бинои нав ҷой дода шудааст, шинос гардиданд.

Зикр шуд, ки дар маркази нав барои ташхис ва табобати нафарони ниёзманд имконоти муосиру замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таҳхонаи “Мадади Акбар” дорои ташхисгоҳ бо ҳуҷраи ултрасадоӣ, озмоишгоҳ бо лавозимоти корӣ буда, ҳамчунин бахши ёрирасонӣ бо ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, варзишӣ ва маҳсдармонӣ таъмин гардидааст.

Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар” ҳамзамон дорои ҳуҷраи бақайдгирӣ буда, дар он барои ташхису табобати чашм, гӯш, гулӯву бинӣ, дандон, дил ва асаб шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Марказ дорои ҳуҷраи ҷарроҳӣ буда, имконият аст, ки амалиёти ҷарроҳии таъҷилӣ дар ҳамин ҷо гузаронида шавад. Ҳамчунин дар марказ ҳуҷраҳои алоҳида барои машварат ба ниёзмандон ва хатнаи кӯдакон сохта шудааст. 

Дар ин ҷо барои ба табобат фаро гирифтани беморон 12 кати хоб ташкил карда шудааст. Ҳуҷраҳои табобатӣ ва ташхисии “Мадади Акбар” бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиоманитор, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадоӣ, оксигенераторҳо таъмин буда, имконият аст, ки сокинони ноҳия минбаъд дар ҳамин ҷо ташхису табобат гиранд. Дар марказ ҳамчунин табобат бо усули гиёҳдармонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Марказ ҳамчунин дорои дорухона ва мағоза мебошад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур хизматрасонии муосири тиббиро барои сокинони ноҳия дастрас намуда, минбаъд табобату ташхиси нафарони бемор бо сарфаи маблағу вақт дар ҳамин ҷо гузаронида мешавад. 

Зимни боздид иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав 45 нафар асосан сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Нафароне, ки аз минтақаҳои нисбатан дуртар ба кор меоянд, дар ошёнаҳои болоии бинои мазкур бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин кормандони Корхонаи дӯзандагии “Меҳри Модар” низ дар бинои 8-ошёна бо манзил таъмин гардида, боқимондаи хонаҳо барои фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

Иброз гардид, ки дар маҷмӯъ бинои истиқоматӣ дорои 42 ҳуҷра буда, дар он барои истиқоматкунандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои ҳуҷраҳои 1, 2 ва 3-хонагӣ буда, ҳамчунин бо лифт ва дигар иншооти ёрирасон таъмин мебошад.

Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд сохта шудааст.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520