Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

21.10.2021 15:13, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара  21.10.2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин”-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти кории хатҳои истеҳсолӣ дар коргоҳи коркарди шир, ки бо истифода аз технологияи муосир якчанд намуди маҳсулот истеҳсол мекунад, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини бехатарӣ ва бо сифати баланд пешниҳод намудани маҳсулоти тайёр ба аҳолӣ нахуст махсулоти ширї дар ташхисгоҳи корхона, ки дорои дастгоҳҳои махсус мебошад санҷида мешавад.

Корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин” дар доираи тадбирҳои созандагӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидакбар Сидиқов дар ҳамкори бо Ҷамъияти саҳомии пушидаи комбинати “Шири Душанбе” ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он 30 нафар сокини деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шариф бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 5 тонна шир мебошад.

Дар қисми дигари корхона ҳамзамон коргоҳҳои хурди истењсоли панир ва яхмос бунёд гардидааст, ки дар ин ҷо ҳамарӯза то 2,5 тонна шир коркард мешавад.

Дар коргоҳњои мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ баъд аз омӯзиши нозукиҳои технологияи муосир соҳиби ҷойи кор гардиданд.

 Раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Хуррамзамин” тариқи автоматӣ ба роҳ монда шудааст ва коргарону мутахассисон бештар ҳангоми истеҳсол ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамият медиҳанд.

Маҳсулоти асосӣ - шир тавассути мошинҳои махсус аз хоҷагиҳои чорводорӣ ва сокинони ҳудуди ноҳияи Данғара ҷамъоварӣ ва ба корхона дастрас карда мешавад.

Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулот 3 сардхона ва як гармхона бунёд гардидааст.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхона муаррифӣ гардид.

Бо истифода аз технологияи муосир, ки аз кишварҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидааст маҳсулоти тайёр аз ҷумла сметана, қаймоқ, ҷурғот, панир, дуғоб, творог, яхмос, ки маҷмуан беш аз 50 намуди маҳсулотро ташкил медиҳад, истеҳсол гардида, сифатнокии он кафолат дода мешавад.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520